ҶДММ «Фариза ва КОМ» ба хонандагони шаҳри Роғун 5280 ҷуфт либоси ягонаи мактабӣ пешниҳод менамояд
РОҒУН, 28.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шуъбаи маорифи шаҳри Роғун бо мақсади таъмин намудани хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо либоси ягонаи мактабӣ дар соли таҳсили 2020-2021 бо корхонаи дӯзандагии ҶДММ “Фариза ва КОМ” барои дӯхтани 5280 ҷуфт либосҳои мактабӣ ба маблағи 844,8 ҳазор сомонӣ шартнома ба тасвиб расонид. То ба имрӯз 1500 ҷуфт либоси ягонаи мактабӣ дастраси муасисаҳои таълимӣ гардонида шудааст. Дар ин бора раиси шаҳри Роғун Музаффар Сулаймонзода зимни нишасти матбуотӣ ибрози назар намуд.
Зимни нишаст ҳамзамон дар мавриди тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва таъмини ҳаёти солими шаҳрвандон гуфта шуд, ки баҳри иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ташкил намудани системаи безараргардонӣ, ҷамъоварӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор” дар назди КВД “СОКО ва ХМК”-и шаҳри Роғун анбори махсус ҷудо карда шудааст.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ бо саҳми кормандони корхонаи мазкур аз аҳолӣ 1325 дона ва аз аввали ҷамъоварӣ 5460 дона лампаҳои каммасрафи аз истифода баромада ҷамъоварӣ карда шуда, ба шаҳри Душанбе барои безараргардонӣ фиристода шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд






