Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат бо 27 муассисаи олии давлатҳои хориҷӣ ҳамкории илмӣ дорад

Июль 27, 2020 15:10

ДУШАНБЕ, 27.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бо 27 донишгоҳу донишкадаи кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Беларус, Украина, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Словакия шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонда, дар доираи онҳо ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва эҷодиро самаранок идома медиҳад. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ Муҳриддин Низомӣ ба хабарнигорон иброз намуд.

Ба зикри номбурда,  ҳоло дар донишкада 2 лоиҳаи  Бонки ҷаҳонӣ  ва  4 лоиҳа – мавзӯи илмӣ бо дастгирӣ ва маблағгузории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон амалӣ гардида истодаанд.

Дар донишкада бо мақсади ширкат дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” сараввал байни донишҷӯёни факултаҳо ва баъдан дар чор давр озмуни донишкадавӣ баргузор гардид. Дар даври ниҳоии озмун,  28 апрели соли 2020, аз 50 нафар донишҷӯ 19 нафар барои ширкат дар озмуни ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. Инчунин бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, инчунин ҷалби ҷавондухтарон ва ҷавонписарони соҳибистеъдод, вобаста ба иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020  дар донишкада 2 даври озмуни “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” гузаронда шуд. Баъд аз  ҷамъбасти давраҳои донишкадавӣ 22 нафар ба даври ноҳиявии озмун пешниҳод шуданд.

Муҳриддин Низомӣ, аз ҷумла баён намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ муаллими калони кафедраи филология Зулайхо Иззатова, муаллими  кафедраи  фарҳангшиносӣ ва осорхонашиносӣ Нурулло Табаров, сардори раёсати таълим Фирдавс Арабов ва муаллими кафедраи забонҳои хориҷӣ  Гулҷаҳон Самадова рисолаҳои илмӣ дифоъ намуданд.

Раёсати донишкада барои фароҳам овардани шароити хуби зисти донишҷӯён  бинои хобгоҳро аз таъмири асосӣ бароварда, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида истодааст, ки дар арафаи соли нави хониш мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Июль 27, 2020 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоиши маҷозии муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Аз ёдгории таърихии «Сайёд» муҳри шоҳии марбут ба аҳди Кӯшониён дарёфт гардид