Факултети муштараки сайёҳии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ва Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россия таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 24.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ояндаи наздик факултети муштараки сайёҳии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ва Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россия таъсис дода мешавад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат Убайдулло Асрорзода ба хабарнигорон ибрози назар намуд.
Бино ба маълумоти номбурда, дар айни ҳол лоиҳаи созишнома дар ҳолати баррасӣ қарор дорад. Дар ин давра робитаҳои хориҷии Донишкада бо донишгоҳу донишкадаҳо ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотии ватанию байналмилалӣ густариш ёфт. Аз ҷумла, дар доираи ҳамкории байналмилалӣ бо макотиби олӣ ва муассисаҳои илмӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2020 2 нафар омӯзгорони донишкада ба Донишгоҳи илмҳои татбиқии Бредаи Нидерланд сафари корӣ анҷом дода, такмили касб намуданд.
Инчунин дар ин давра иҷрои Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон”, барномаҳои грантии “Омода намудани кадрҳо бо мақсади рушди устувори сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Баланд бардоштани сифати таҳсилот дар асоси истифодаи муҳити иттилоотию таҳсилотии электронӣ дар Донишкада” бомуваффақият идома дода шуд.
Дар доираи барномаи грантии “Омода намудани кадрҳо бо мақсади рушди устувори сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шашмоҳаи аввали соли 2020 лабораторияҳои “Иттилоотӣ-сайёҳӣ” ва “Сервиси сайёҳӣ-меҳмондорӣ” таъсис дода шуда, бо таҷҳизоти муосири иттиллотӣ ва сайёҳиву меҳмондорӣ ҷиҳозонида шуданд.
Ҳамчунин барои дарёфти грантҳо тавассути маблағгузории Бонки Осиёии Рушд, Бонки исломии рушд ва Эрасмус + корҳои муайяне сурат гирифта истодаанд. Бо мақсади фароҳам сохтани пойгоҳи мустаҳками таълимӣ-таҷрибаомӯзӣ раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ҷиҳати бунёд ва ҷиҳозонидани Маркази таълимӣ-таҷрибаомӯзии сайёҳӣ ва меҳмондорӣ дар чорчӯбаи лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш”, ки бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд (БОР) амалӣ шуда истодааст, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Донишкада дар ин давра якчанд суҳбату мулоқот бо коршиносони соҳаҳои сайёҳӣ ва меҳмондории кишварҳои хориҷаро ба нақша гирифта буд, вале бо сабаби паҳншавии бемории сироятии коронавирус ин мулоқот тариқи онлайн сурат гирифтанд.
Дар натиҷаи омӯзиши таҷрибаи Донишгоҳи илмҳои татбиқии Бредаи Нидерланд, Донишгоҳи гуманитарию ҳуқуқии Қазоқистон ва дигар донишгоҳҳои шарик ҳуҷҷатҳои менеҷменти сифати таҳсилот дар Донишкада такмил дода шуданд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






