ФУТБОЛ. «Дӯстӣ» дар даври якуми лигаи дуюм «Сарбанд»-ро бо ҳисоби калони 8:1 мағлуб кард
ДУШАНБЕ, 16.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. 15 июл даври ифтитоҳии Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюм дар вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар ин бора аз хадамоти матбуотии Федератсияи футболи вилояти Хатлон ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.
Дар ин давр дастаи футболи «Дӯстӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун дар бозии даври якуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюм дар вилояти Хатлон дар майдони худ бо дастаи «Сарбанд»-и шаҳри Левакант вориди майдони рақобат шуд. Бозингарони дастаи футболи «Дӯстӣ» бо ҳисоби калон — 8:1 зафар ёфтанд.
Дастаи дигари лигаи дуюм — «Чашма»-и ноҳияи Шаҳритӯз дар майдони худ бо тими «Кӯшон»-и ноҳияи Кӯшониён дидор анҷом дод. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Шаҳритӯз доир гашта, бозӣ бо ҳисоби мусовӣ 2:2 хотима ёфт.
Ҳамчунин дар ин давр дастаҳои футболи «Мунк»-и ноҳияи Ховалинг ва «Сурхоб»-и ноҳияи Темурмалик миёни ҳам рақобат намуданд, ки дар ин бозӣ низ ғолиб муайян нашуд. Чунки дидори дастаҳо бо ҳисоби 2:2 мусовӣ ҷамъбаст гардид ва дастаҳо имтиёзро миёни ҳам тақсим намуданд.
Лигаи 2-юм, даври аввал.
«Дӯстӣ»- «Сарбанд» 8:1
«Чашма» — «Кӯшон» 2:2
«Мунк» — «Сурхоб» 2:2








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






