ГАР ШИНОВАР НЕСТӢ… Се нафар ғарқшуда наҷот ёфта, як каси дигар ба ҳалокат расид
ДУШАНБЕ, 06.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо талоши ғаввосони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд се нафар ғарқшуда дар обанбори «Баҳри Тоҷик» наҷот ёфтанд. Ҳодисаи мазкур 5 июли соли равон, тахминан соати 16:23 рух додааст. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, кормандони бахши наҷоти Раёсат, ки дар обанбори «Баҳри тоҷик»-и шаҳри Гулистон қисми навбатдорӣ ташкил намудаанд, 3 нафар шаҳрвандонро аз ғарқшавӣ наҷот доданд. Ду нафари онҳо ноболиғи 13-сола буда, сокинони шаҳри Хуҷанд мебошанд. Нафари сеюми наҷотёфта сокини деҳаи Роғи ҷамоати Палдораки ноҳияи Масчоҳ буда, 21 сол дорад.
Дар ҳамин ҳол аз ғарқи об ва ба ҳалокат расидани як сокини 22-сола дар дарёи Кофарниҳон хабар расид. Бино ба гуфтаи сардори шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, нимаи рӯзи якшанбе, 5 июл як зодаи шаҳри Кӯлоб, ки ҳоло муваққатан дар хобгоҳи маҳалли Гипроземи шаҳри Душанбе истиқомат доштааст, ҳангоми оббозӣ дар қаламрави деҳаи Қарияи Камари ноҳияи Рӯдакӣ дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шудааст.
Амалиёти ҷустуҷӯи ҷасади ғарқшуда то фаро расидани торикӣ идома дошт, вале он пайдо нашуд. Корҳои ҷустуҷӯӣ дар минтақа идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки танҳо дар ду рӯзи охир хабари марги 4 нафар ва наҷоти ду нафар дар обҳои мамлакат расид, ки ин ташвишовар аст.
Тибқи иттилои масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Кумита бо оғоз гардидани мавсими оббозӣ бо сокинони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мулоқоту суҳбатҳо анҷом дода, ба онҳо қоида ва маконҳои оббозиро шарҳ медиҳанд. Онҳоро ҳушдор медиҳанд, ки аз оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда худдорӣ намоянд.
«Аммо новобаста аз ҳушдорҳои қатъӣ сокинони ҷумҳурӣ дар чунин дарёҳо худсарона ба оббозӣ машғул шуда, ҳаёти худу наздиконашонро дар хатар мегузоранд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сокинону меҳмонони ҷумҳурӣ эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ҳангоми оббозӣ қоидаҳои бехатариро риоя намуда, танҳо дар ҷойҳои муайяншуда ба шиноварӣ машғул шаванд. Ҳамчунин волидонро огоҳ менамояд, ки фарзандони худро ҳангоми ҳузур доштан дар лаби дарёву кӯлҳо беназорат нагузоранд. Хусусан имрӯзҳо, ки наврасон дар таътили тобистона қарор доранду бо гарм шудани ҳаво майли зиёд ба оббозӣ доранд, волидон ва масъулин уҳдадоранд, ки баҳри пешгирии чунин ҳолатҳо нохуш тадбирҳои судманд андешанд», — афзуд манбаъ.
АКС аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид






