Хадамоти зиддиинҳисорӣ: дар баъзе нуқтаҳои савдои сӯзишворӣ беасос баландкунии нарх ба назар мерасад

Июль 15, 2020 14:00

ДУШАНБЕ, 15.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи аввали моҳи июл дар давлатҳои истеҳсолкунанда, дар худи биржаи гази моеъ нархи ин сӯзишворӣ якбора 50 фоиз баланд шуд, ки таъсири он ба Тоҷикистон  низ расид. Мо тибқи маълумоти Хадамоти гумрук ва бо назардошти тамоми хароҷоти дохиливу дар вақти интиқол сарфшуда нархи гази моеъро ҳисоб кардем, арзиши аслии он дар яклухтфурӯшҳо 3 сомониву 20 дирамро  ташкил медиҳад. Новобаста аз ин, мо таҳлил гузаронидем, дар баъзе нуқтаҳои савдои сӯзишворӣ беасос баландкунии нарх  ба назар мерасад.

Ин посухи сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Муминзод  ба саволҳои  хабарнигорон оид ба якбора боло рафт нархи сӯзишворӣ аст, ки имрӯз зимни нишасти матбуотӣ   дода шуд.

«Бо инобати вазъи мазкур  Хадамот гурӯҳи корӣ таъсис дод. Гурӯҳи мазкур фаъолияти тамоми ширкатҳоеро, ки  дар ҷумҳурӣ ба воридоти на танҳо газ, балки дигар намуди сӯзишворӣ машғуланд, мавриди омӯзиш қарор дода, дар ҳолати муайян шудани беасос баланд бурдани нарх тибқи қонунгузории амалкунанда нисбат ба онҳо тадбирҳои дахлдор меандешад», — афзуд сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ.

Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки  дар моҳи июни соли равон нархи миёнаи воридоти бензин ба 305 доллари ИМА баробар гардидааст, ки дар муқоиса нисбат ба моҳи май 41,0 доллари ИМА ё 15,53 фоиз афзоиш ёфтааст.

Муайян гардид, ки дар бозори молӣ воридоти маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла бензин 30, сӯзишвории дизелӣ 43, равғанҳои молиданӣ 81, керосин 3 ва мазут 3 субъектҳои хоҷагидор машғул мебошанд.

Гуфта шуд, ки рафти таҳлилу омӯзиши маълумотҳои гумрукӣ нишон дод, ки нархи миёнаи воридоти бензин дар моҳи марти соли ҷорӣ 527,0, дар моҳи апрел 359,0, дар моҳи май 264,0  ва дар моҳи июн 305,0 доллари ИМА – ро ташкил менамояд.

Нархи миёнаи воридоти бензин дар моҳи июни соли равон  дар Агентии захирахои давлати моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 404 доллари ИМА баробар гардидааст, ки дар муқоиса нисбат ба  моҳи май 349 доллари ИМА (753-404) ё ба андозаи 46,35 фоиз коҳиш ёфтааст.

Аз нишондиҳандаҳои болозикр бармеояд, ки коҳишёбии нархи миёнаи бензини воридотӣ дар моҳи май нисбат ба моҳи март ба андозаи 49,91 фоиз (264:257%)-100) ва нисбати моҳи апрел ба андозаи 26,46 фоиз ((264:359%) -100) баробар гардидааст.

 

Июль 15, 2020 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд