«Хуаксин Ғаюр семент» дар давраи пандемия ба маблағи 120 млн сомонӣ семент содир намуд

Июль 27, 2020 17:38

ДУШАНБЕ, 27.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Чин «Хуаксин Ғаюр Семент» дар ноҳияи Ёвон ба маблағи беш аз 120 миллион сомонӣ семент содир намуд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Ёвон Ҷамшед Саидзода хабар дод.

«Бо сабаби пандемияи коронавирус мутахассисони хориҷӣ озими ватани худ шуданд, аммо ин маънои онро надорад, ки бидуни онҳо мо кор карда наметавонем ва истеҳсолотро бозмедорем. Дар корхонаи сементи мо айни замон мутахассисони маҳаллӣ, ки технологияҳои истеҳсолиро  омӯхтаанд, кор мекунанд. Истеҳсоли семент на кам, балки зиёд шуд», — зикр карда шуд зимни нишасти матбуотӣ.

«Хуаксин Ғаюр Семент» яке аз корхонаҳои пешгоми соҳаи тавлиди семент дар Тоҷикистон аст ва маҳсулоти худро асосан ба Афғонистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон содир мекунад.

Июль 27, 2020 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд