Иқдоми «Кишоварз» ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат нигаронида шудааст
ДУШАНБЕ, 21.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар доираи иқдоми «Кишоварз», ки дар мавсими кишту кори баҳорӣ роҳандозӣ шуда, то 15 июни соли 2020 тамдид гардида буд, ба 3490 нафар муштарӣ- деҳқонону кишоварзони мамлакат 51,9 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок пешниҳод намуд.
Раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ имрӯз дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба намояндагони расонаҳои хабарии мамлакат гуфт, ки иқдоми «Кишоварз» бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ ва саҳмгузорӣ дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакат роҳандозӣ гардид.
Зикр шуд, ки дар ин муддат 3490 нафар муштариён-кишоварзону деҳқонон қарзҳои имтиёзнокро аз 3 то 500 ҳазор сомонӣ ба муҳлати аз 6 то 36 моҳ таҳти 18 фоизи солона бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ таҳти 10 фоизи солона дастрас намуданд. Раиси «Амонатбонк» дар идома афзуд, ки бартарияти иқдоми мазкур он аст, ки тартиби пардохти қарз вобаста ба имкониятҳои истеҳсолии муштариён таҳия шуда, ҳамзамон дар пардохти қарзи асосӣ аз ду то шаш моҳи давраи аввали гирифтани қарз имтиёз дода мешавад. «Амонатбонк» аз ҳисоби иқдоми «Кишоварз» ба муштариён – деҳқонону кишоварзони мамлакат барои кишту кор, аз ҷумла, харидории тухмӣ, нуриҳои минералӣ, коркарди замин, пардохти ҳаққи хизмати кишоварзон, хариди техникаи кишоварзӣ ва сӯзишворӣ қарзҳои имтиёзнок пешниҳод намудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






