Иқдоми «Кишоварз» ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат нигаронида шудааст

Июль 21, 2020 15:30

ДУШАНБЕ, 21.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бонки давлатии амонатгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар доираи иқдоми «Кишоварз», ки дар мавсими кишту кори баҳорӣ роҳандозӣ шуда, то 15 июни соли 2020 тамдид гардида буд, ба 3490 нафар муштарӣ- деҳқонону кишоварзони мамлакат 51,9 миллион  сомонӣ қарзҳои имтиёзнок пешниҳод намуд.

Раиси Бонки давлатии  амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ имрӯз дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба намояндагони расонаҳои хабарии мамлакат гуфт, ки иқдоми «Кишоварз» бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ ва саҳмгузорӣ  дар  татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакат роҳандозӣ гардид.

Зикр шуд, ки дар ин муддат 3490 нафар муштариён-кишоварзону деҳқонон қарзҳои имтиёзнокро аз 3 то 500 ҳазор сомонӣ   ба муҳлати аз 6 то 36 моҳ таҳти 18 фоизи солона бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ таҳти 10 фоизи солона дастрас намуданд. Раиси «Амонатбонк» дар идома афзуд, ки  бартарияти иқдоми мазкур  он аст, ки  тартиби  пардохти қарз вобаста ба имкониятҳои  истеҳсолии муштариён таҳия шуда, ҳамзамон дар пардохти қарзи асосӣ аз ду то шаш моҳи давраи аввали  гирифтани қарз имтиёз дода мешавад. «Амонатбонк»  аз ҳисоби иқдоми «Кишоварз» ба муштариён – деҳқонону кишоварзони мамлакат барои кишту кор, аз ҷумла, харидории тухмӣ, нуриҳои минералӣ, коркарди замин,  пардохти ҳаққи хизмати кишоварзон, хариди техникаи кишоварзӣ ва сӯзишворӣ қарзҳои имтиёзнок пешниҳод намудааст.

 

Июль 21, 2020 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба аҳамияти ташаббусҳои Пешвои миллат дар эҳёи адолати таърихӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Кишоварзони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар 8100 гектар пунбадона кишт намуданд
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расиданд
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Шаҳринав толори хурди варзишии футбол ба истифода дода шуд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон аз гармхонааш то се ҳосил мегирад
Дар Рашт оид ба тарбияи ҷавонон ҳамчун воситаи муҳим дар муқовимат ба коррупсия машғулият доир гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддати хусусияти селӣ дошта пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 май, чоршанбе, 147-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад