Илҳомҷон Оймуҳаммадзода: «Ба 462 хоҷагӣ барои ба ҷойҳои бехавф кӯчидан тавсияҳо дода шуданд»
ДУШАНБЕ, 15.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки муассиса дар шашмоҳаи аввали соли равон корҳои омӯзиши геологиро бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ ба маблағи 4 миллиону 769 ҳазору 327 сомонӣ иҷро кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 5% зиёд мебошад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Зикр гардид, ки омӯзиши геологӣ аз рӯйи 22 лоиҳа амалӣ шуда, бештар захираҳои металлҳои сиёҳу рангаи қимматбаҳо ва нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкологияро фаро гирифт.
Аз ин ҳисоб ба комиссияи давлатӣ оид ба захираҳои канданиҳои фоиданоки ҷумҳурӣ 29 мавод барои баррасӣ ва гузаронидани экспертизаи давлатӣ пешниҳод гардид. Дар натиҷа тарози давлат аз ҳисоби нуқра, ангишт, оҳаксанг, сангҳои ороишӣ (гранит), гранодиорит, мармар, рег, хок, омехтаи регу шағал ва гил ғанӣ гардид.
Тибқи лоиҳаи «Хадамоти давлатии мушоҳидаи равандҳои экзогенӣ-геологӣ дар Тоҷикистон» дар ҳудуди вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар 117 деҳа ва 2 шаҳрак тадқиқоти муҳандисӣ — геологӣ гузаронида шуда, дар натиҷа ба 462 хоҷагӣ барои ба ҷойҳои бехавф кӯчонидан тавсияҳо дода шудаанд.








Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад






