Илҳомҷон Оймуҳаммадзода: «Ба 462 хоҷагӣ барои ба ҷойҳои бехавф кӯчидан тавсияҳо дода шуданд»

Июль 15, 2020 09:26

ДУШАНБЕ, 15.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ  иброз дошт, ки муассиса дар шашмоҳаи аввали соли равон корҳои омӯзиши геологиро бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ ба маблағи 4 миллиону 769 ҳазору 327 сомонӣ иҷро кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 5% зиёд мебошад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Зикр гардид, ки омӯзиши геологӣ аз рӯйи 22 лоиҳа амалӣ шуда, бештар захираҳои металлҳои сиёҳу рангаи қимматбаҳо ва нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ,  гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкологияро фаро гирифт.

Аз ин ҳисоб ба комиссияи давлатӣ оид ба захираҳои канданиҳои фоиданоки ҷумҳурӣ 29 мавод барои баррасӣ ва гузаронидани экспертизаи давлатӣ пешниҳод гардид. Дар натиҷа тарози давлат аз ҳисоби нуқра, ангишт, оҳаксанг, сангҳои ороишӣ (гранит), гранодиорит, мармар, рег, хок, омехтаи регу шағал ва гил ғанӣ гардид.

Тибқи лоиҳаи «Хадамоти давлатии мушоҳидаи равандҳои экзогенӣ-геологӣ дар Тоҷикистон» дар ҳудуди вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар 117 деҳа ва 2 шаҳрак тадқиқоти муҳандисӣ — геологӣ гузаронида шуда, дар натиҷа ба 462 хоҷагӣ барои ба ҷойҳои бехавф кӯчонидан тавсияҳо дода шудаанд.

Июль 15, 2020 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ дар назар аст
Олимони тоҷик ва хориҷӣ дар пиряхи Ванҷях корҳои таҳқиқотӣ мегузаронанд
Дар ноҳияи Лахш бо мақсади пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Кадом шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дар Тоҷикистон маъруфанд
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 40 дараҷа мерасад
Дар Душанбе марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО» оғоз ёфт
Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад