Имсол 500 биною иншооти ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба шабакаҳои гармидиҳии мутамарказ пайваст мешаванд

Июль 22, 2020 11:50

ДУШАНБЕ, 22.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 500 биною иншоот ба шабакаҳои гармидиҳии мутамарказ пайваст мешаванд. Дар ин бора муовини якуми Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шарифхон Сафарзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.  

«Ҳоло дар ин самт корҳо бо маром ҷараён доранд. Сохторҳои хизматрасон муваззаф гардидаанд, ки дар доираи иқтидорҳои мавҷуда ҷиҳати ҳарчи бештар пайваст кардани бинову иншоот ба шабакаҳои гармидиҳӣ аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намоянд»,-илова кард Шарифхон Сафарзода.

Роҳбарияти ноҳия дар идома вобаста ба вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар шаш моҳи аввали соли равон маълумот дод. Зикр гарид, ки бо мақсади мутобиқ намудани кӯчаю хиёбонҳо ба нақшаи генералии шаҳри Душанбе аз ҷониби мутахассисони соҳа дар ин давра аз ҳудуди ноҳия 174 хонаи истиқоматӣ бартараф карда шуд. Илова бар ин аз ҷониби соҳибкорон дар ҳудуди ноҳия бунёди зиёда аз 60 хонаи истиқоматии баландошёнаи муосир ба тарзи замонавӣ идома дорад.

Дар вазъияти пандемия риояи талаботи санитарию беҳдошт дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дорад. Ҳамарӯза дар ҳудуди ноҳия корҳои безарраргардонӣ, дезинфексионӣ ва поккунӣ гузаронида мешаванд.

Инчунин дар асоси амри Раиси шаҳр Душанбе «Дар бораи таъсис додани Ситоди шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирӣ, интиқол ва паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 дар шаҳри Душанбе» аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.

Ситоди кории ноҳия аз ҳисоби намояндагони ШКД, КИ ҲХДТ, шуъбаву бахшҳои маориф, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин ва дигар сохторҳои дахлдор гурӯҳҳо ташкил карда, тӯли 2 моҳ мешавад, ки дар бозорҳо, боғҳо, маркази савдоҳо ва кӯчаву хиёбонҳо, роҳравҳои ҳудуди ноҳия вобаста ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Гурӯҳҳои корӣ ба сокинон мефаҳмонанд, ки дар ҷойҳои серодам ниқобҳои муҳофизатӣ пӯшанд, фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд ва аз маводи антисептикӣ истифода намоянд. Вобаста ба мавҷи дуюми ин беморӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ пурзӯр карда мешаванд.

Муовини якуми Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шарифхон Сафарзода иброз намуд, ки суръат бахшидани корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сокинони ноҳия дар нимсолаи дуюм аст, ки барои иҷрояшон камари ҳиммат бастаанд.

Бино ба маълумоти роҳбарияти ноҳия, ба истиқболи ҷашни миллӣ тибқи нақша дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар маҷмӯъ 695 чорабинӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, то ҷашни миллӣ дар ҳудуди ноҳия сохтмони 58 бинои истиқоматӣ, 11 корхонаи саноатии хурду бузург, 28 маркази савдо, 7 муассисаи томактабӣ, 6 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 10 майдончаи варзишӣ, 1 толори варзишӣ ва 1 маркази савдо дар назар аст.

Июль 22, 2020 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Чангоб» 220 нафар кӯдакони ятими кулл, нимятим ва аз оилаҳои камбизоат ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷиксуғурта» ба шаҳрвандон ва ташкилот беш аз 1,1 миллион сомонӣ ҷуброни суғуртавӣ пардохт намуд
Президенти Тоҷикистон: «Сифати таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳанӯз ба талабот пурра ҷавобгӯ нест»
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пурра бо китобҳои дарсӣ таъмин мебошанд
Дар Душанбе беш аз 13 ҳазор нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Волоияти қонун асоси устувории давлат ва шарти муҳими зиндагии осоиштаи мардум аст»
Дар марказҳои касбомӯзии Тоҷикистон беш аз 20 касби серталаб омӯзонида мешаванд
ОГОҲӢ! Аз 15 то 18 июл дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 25 ихтисоси нав дар соҳаи саноати металлургияи сиёҳ таъсис меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 4700 нафар машғулияти кӯтоҳмуддати касбомӯзиро хатм намуданд
Дар деҳаҳои Дарғ ва Каздони ноҳияи Айнӣ бар асари омадани сел хисороти зиёд ба қайд гирифта шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 шаш санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифт