Имсол ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар муқоиса ба шаш моҳи соли гузашта 8,2 фоиз зиёд гардид
ДУШАНБЕ, 13.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби вазорат ҷиҳати татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла дар самти растанипарварӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳидорӣ ва дигар соҳаҳои истеҳсолот дар шаш моҳи соли равон 14 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардид. Аз ин теъдод ду санад тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, чаҳор тои дигари он мавриди баррасӣ қарор дорад. Ин матлабро муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба доираи васеи намояндагони ВАО баён дошт.
Нигина Анварӣ таъкид намуд, ки мувофиқи маълумоти оморӣ дар шаш моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 фоиз зиёд шуда, з ҷумла, то имрӯз 123 ҳазору 515 тонна мева ва 2148 тонна ангур истеҳсол гардидааст.
Зикр шуд, ки боғу токпарварӣ яке аз соҳаҳои асосии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ, ғанӣ гардонидани сабади истеъмолӣ, таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом, афзун гардонидани имкониятҳои содиротии мамлакат ва бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мавқеи муайянро ишғол менамояд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки иқлими мусоиди минтақаҳои ҷумҳурӣ имконият медиҳад, ки майдонҳои боғу токзорҳоро аз ҳисоби ниҳолҳои серҳосил ҳамасола зиёд намуда, талаботи аҳолӣ ва корхонаҳои коркардро бо ашёи хом пурра таъмин ва қисми зиёди он ба содирот нигаронида шавад.
Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади рушди соҳаи боғу токпарварӣ, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо меваю ангур, зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулот “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” таҳия гардидааст. Мувофиқи барномаи мазкур бояд дар ҷумҳурӣ 20 ҳазору 153 гектар, аз ҷумла 502 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд карда шаванд.
Олимони Академияи илмҳои кишоварзии мамлакат иброз намуданд, ки дар дар ҷумҳурӣ 3 намуди бунёди боғ: экстенсивӣ, интенсивӣ ва суперинтенсивӣ мавҷуд буда, дар боғҳои экстенсивӣ дар як гектар замин то 300- 350 дарахт ҷойгир карда мешаванд. Дар боғҳои интенсивӣ дар як гектар замин то 1500 дарахт ҷойгир шуда, дар боғҳои суперинтенсивӣ то 5 ҳазор дарахт дар як гектар ҷой дода мешаванд.
Дар ҷараёни нишаст, зикр намуданд, ки дар мамлакат 70,8 фоиз боғҳои интенсивӣ ва 92,3 фоиз боғу токзорҳои куҳна бунёд ва барқарор карда шудааст.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки имсол истеҳсоли ангур назар ба соли қаблӣ зиёд гардидааст, ки ин аз хуб ба роҳ мондани парвариши ин маҳсулот дарак медиҳад. Зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли меваю ангур ба афзун гаштани иқтидори корхонаҳои коркарду истеҳсол, аз ҷумла шарбату консервабарорӣ ва ривоҷ додани содирот мусоидат мекунад.
Масъулони Вазорати кишоварзӣ зикр намуданд, ки барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди касалию зараррасонҳои боғу токзор 725 литр заҳрдору ва ҷиҳати аз зарароварии малах эмин нигоҳ доштани зироатҳои кишоварзӣ ба миқдори 23000 литр заҳрдору, 500 ҷуфт либоси муҳофизавӣ, 200 адад дорупошаки дастӣ, 667 техника ва таҷҳизот ба кор омода ва ба миқдори зарурӣ қисмҳои эҳтиётиву сӯзишворӣ захира гардидааст. Барои гузаронидани чорабиниҳои мубориза бар зидди малах 1000 нафар қувваи корӣ сафарбар карда шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






