Имсол ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар муқоиса ба шаш моҳи соли гузашта 8,2 фоиз зиёд гардид

Июль 13, 2020 16:40

ДУШАНБЕ, 13.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби вазорат ҷиҳати татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла дар самти растанипарварӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳидорӣ ва дигар соҳаҳои истеҳсолот дар шаш моҳи соли равон 14 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардид. Аз ин теъдод ду санад тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, чаҳор тои дигари он мавриди баррасӣ қарор дорад. Ин матлабро муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба доираи васеи намояндагони ВАО баён дошт.

Нигина Анварӣ таъкид намуд, ки  мувофиқи маълумоти оморӣ дар шаш моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 фоиз зиёд шуда, з ҷумла, то имрӯз 123 ҳазору 515 тонна мева ва 2148 тонна ангур истеҳсол гардидааст.

Зикр шуд, ки  боғу токпарварӣ яке аз соҳаҳои асосии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ, ғанӣ гардонидани сабади истеъмолӣ, таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом, афзун гардонидани имкониятҳои содиротии мамлакат ва бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мавқеи муайянро ишғол менамояд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки иқлими мусоиди минтақаҳои ҷумҳурӣ имконият медиҳад, ки майдонҳои боғу токзорҳоро аз ҳисоби ниҳолҳои серҳосил ҳамасола зиёд намуда, талаботи аҳолӣ ва корхонаҳои коркардро бо ашёи хом пурра таъмин ва қисми зиёди он ба содирот нигаронида шавад.

Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади рушди соҳаи боғу токпарварӣ, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо меваю ангур, зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулот “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” таҳия гардидааст. Мувофиқи барномаи мазкур бояд дар ҷумҳурӣ 20 ҳазору 153 гектар, аз ҷумла 502 гектар боғҳои интенсивӣ  бунёд карда шаванд.

Олимони Академияи илмҳои кишоварзии мамлакат иброз намуданд, ки дар дар ҷумҳурӣ 3 намуди бунёди боғ: экстенсивӣ, интенсивӣ ва суперинтенсивӣ мавҷуд буда, дар боғҳои экстенсивӣ дар як гектар замин то 300- 350 дарахт ҷойгир карда  мешаванд. Дар боғҳои  интенсивӣ  дар як гектар  замин то 1500 дарахт ҷойгир шуда, дар боғҳои суперинтенсивӣ то 5 ҳазор дарахт дар як гектар ҷой дода мешаванд.

Дар ҷараёни нишаст, зикр намуданд, ки  дар мамлакат  70,8 фоиз  боғҳои интенсивӣ ва 92,3 фоиз боғу токзорҳои куҳна бунёд ва барқарор карда шудааст.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки имсол  истеҳсоли ангур назар ба соли қаблӣ зиёд гардидааст, ки ин аз  хуб ба роҳ мондани парвариши ин маҳсулот дарак медиҳад. Зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли меваю ангур ба афзун гаштани иқтидори корхонаҳои коркарду истеҳсол, аз ҷумла шарбату консервабарорӣ ва ривоҷ додани содирот мусоидат мекунад.

Масъулони Вазорати кишоварзӣ  зикр намуданд, ки барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди касалию зараррасонҳои боғу токзор 725 литр заҳрдору ва ҷиҳати аз зарароварии малах эмин нигоҳ доштани зироатҳои кишоварзӣ ба миқдори 23000 литр заҳрдору, 500 ҷуфт либоси муҳофизавӣ, 200 адад дорупошаки дастӣ, 667 техника ва таҷҳизот ба кор омода ва ба миқдори зарурӣ қисмҳои эҳтиётиву сӯзишворӣ захира гардидааст. Барои гузаронидани чорабиниҳои мубориза бар зидди малах 1000 нафар қувваи корӣ сафарбар карда шудааст.

Июль 13, 2020 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дабири кулли СММ барои дар сатҳи ҷаҳонӣ мубориза бурдан бо гармои шадид даъват намуд
Аз 27 июл то 1 август дар Тоҷикистон чангу ғубор ва дар баъзе ноҳияҳо омадани сел пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» вохӯрии гурӯҳи корӣ бо занону духтарон доир шуд
29 июл дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Агентии назорати маводи нашъаовар, Агентии «Тоҷикстандарт» ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пешаздипломиро дар хоҷагиҳои пешқадами ҷумҳурӣ мегузаронанд
Дар Кӯлоб 2684 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба ронандагон тартиб дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии қонунгузорӣ, Кумитаи рушди маҳал, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амирӣ» ва «Афзалият» таъсис дода шуд
Агентии хоҷагии ҷангал: «Нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагони қонунгузории соҳа ба миқдори 780 санад тартиб дода шуд»
Пагоҳ Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии қонунгузорӣ, Кумитаи рушди маҳал, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд