«IRS»: дар мавсими имсола барои таъмири роҳи Душанбе – Чаноқ беш аз 30 ҳазор тонна асфалт харҷ мегардад

Июль 7, 2020 15:41

ДУШАНБЕ, 07.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Филиали ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» (IRS) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба меъёрҳои байналхалқӣ мутобиқ гардонидани роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ корҳои таъмиру навсозиро тақвият бахшида, дар мавсими имсола барои мумфарш намудани он зиёда аз 30 ҳазор тонна асфалт харҷ менамояд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло хабар дод.

«Роҳбарияти ширкат нақша дорад, ки ҳар чӣ зудтар барои аҳолии шафати роҳ системаи гузариши имтиёзнокро муайян ва ҷорӣ намояд. Аллакай системаи гуногуни имтиёзҳо барои аҳолии шафати роҳ таҳия гардид, ки маблағи ниҳоӣ ба 50 фоиз аз нархномаи муқарраргардида баробар мебошад», — афзуд Д. Абдулло.

Ҳамчунин ширкати  мазкур аз баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва фароҳам намудани шароити бароҳати гузариш аз плазаҳои толлингӣ иборат мебошад. Барои сарфа кардани вақт хатҳои иловагии гузариш сохта, ба истифода дода шуданд, ки дар муддати кутоҳ бо таҷҳизоти зарурии электронӣ ва таъминоти барномавӣ муҷаҳҳаз гардиданд. Механизми пардохти маблағи гузариш бо ёрии кортҳои толлингии электронӣ ба роҳ монда шудааст. Суръати хизматрасонии мизоҷе, ки аз кортҳои толлингии электронӣ истифода мебарад, назар ба ашхоси ба таври нақдӣ пардохткунанда ду маротиба фавритар мебошад.

Фаъолияти ширкати мазкур  тақозои замон буда, маҳз ба шарофати пурмаҳсули кормандони он роҳи Душанбе – Чаноқ дар ҳолати хуб қарор дошта, рафтуомади шаҳрвандон аз тариқи он дар ҳама фасли сол таъмин мебошад.

Дар ширкати мазкур зиёда аз 800 нафар фаъолият намуда, дар ҳолати корношоям ё ба вуҷуд омадани вайроншавии кӯчактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки роҳи Душанбе – Чаноқ қисматҳои ҷанубу шимоли Тоҷикистонро ба ҳам пайванд шуда, яке аз қисматҳои асосии Роҳи бузурги абрешим мебошад.

Июль 7, 2020 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд