Кӯлоб: Ба воситаи пойгоҳҳои обкашӣ 32 865 ҳазор метри кубӣ об бароварда шуд
КӮЛОБ, 21.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имсол оби полезӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ нисбат ба соли гузашта бештар таъмин гардид.Ҳамин фаровонии об буд, ки деҳқонон тавонистанд ҳосили фаровон ба даст оранд ва ба кишти такрорӣ шурӯъ намоянд. Дар минтақа дар асоси нақшаи чорабиниҳо барои гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 таъмири 91 адад агрегати оббарор ба нақша гирифта шудааст. Дар асл 81 адад агрегати оббарор аз таъмир бароварда шуд, ки 89%-и нақшаро дар бар мегирад. Бо сабаби вазъи ногувори молиявӣ 4 адад агрегат дар ноҳияи Восеъ ва 6 адад дар ноҳияи Фархор аз таъмир бароварда нашуданд. Ба воситаи пойгоҳҳои обкашӣ 32865 ҳазор метри кубӣ об бароварда шуд, ки ҳар метри кубии он 2,09 дирамро ташкил медиҳад.
Дар ин бора зимни нишастии матбуотӣ сардори Иттиҳодияи давлатии беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Кӯлоб Амирхон Маҳсиддинов ба намояндагони ВАО иттилоъ дод.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, бо мақсади пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ соли 2020 Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои минтақа аз тарафи Агентии беҳдошти замин ва обёрии ҷумҳурӣ бо маводи сӯзишворӣ, симтӯр, симтаноб, семент, арматур ва дигар масолеҳи зарурӣ сари вақт таъмин гардид. Айни ҳол дар мавзеъҳои хавфнок корҳои барқарорсозӣ идома доранд. Инчунин аз тарафи Маркази тадбиқи лоиҳаи устувории ҳавзаи дарёи Панҷ дар вилояти Хатлон дар ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ ва Восеъ тоза намудани наҳрҳои обрасон ва таъмири иншооти гидротехникӣ идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






