Кишоварзони Конибодом дар заминҳои миёни қатори боғот картошка парвариш мекунанд

Июль 30, 2020 09:50

ДУШАНБЕ, 30.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони шаҳри Конибодом дар шашмоҳаи  якуми соли равон ба маблағи зиёда аз 272 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, дар 6000 гектар пахта, дар 148,9 гектар картошка ва 96,7 гектар сабзавот кишт намудаанд.  Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Конибодом Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти як зумра хоҷагиҳои деҳқонӣ ва нашъунамои зироати кишоварзӣ шинос гардид. Раиси вилоят дар хоҷагии деҳқонии «Озода-Д» нашъунамои шолӣ ва дар хоҷагии деҳқонии «Мутриба-ЗД» нашъунамои пахтаро мушоҳида намуда, бо кишоварзон суҳбат анҷом дод.

Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошт, ки бояд ҳар порча замин самаранок истифода шуда, кишоварзон бо интихоби тухмиҳои серҳосилу хушсифат сол ба сол ҳаҷми истеҳсолотро зиёд намоянд.

Раиси вилоят ҳамзамон аз Ҷамъияти саҳомии ба номи Энаҷон Бойматова боздид кард. Дар Ҷамъияти саҳомии мазкур деҳқонон пас аз ҷамъоварии ғалла бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишти такрорӣ гузаронида истодаанд. Дар кишти такрорӣ ва дар заминҳои миёни қатори боғот картошка парвариш карда мешавад.

Июль 30, 2020 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд