Кишоварзони Конибодом дар заминҳои миёни қатори боғот картошка парвариш мекунанд
ДУШАНБЕ, 30.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони шаҳри Конибодом дар шашмоҳаи якуми соли равон ба маблағи зиёда аз 272 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, дар 6000 гектар пахта, дар 148,9 гектар картошка ва 96,7 гектар сабзавот кишт намудаанд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Конибодом Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти як зумра хоҷагиҳои деҳқонӣ ва нашъунамои зироати кишоварзӣ шинос гардид. Раиси вилоят дар хоҷагии деҳқонии «Озода-Д» нашъунамои шолӣ ва дар хоҷагии деҳқонии «Мутриба-ЗД» нашъунамои пахтаро мушоҳида намуда, бо кишоварзон суҳбат анҷом дод.
Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошт, ки бояд ҳар порча замин самаранок истифода шуда, кишоварзон бо интихоби тухмиҳои серҳосилу хушсифат сол ба сол ҳаҷми истеҳсолотро зиёд намоянд.
Раиси вилоят ҳамзамон аз Ҷамъияти саҳомии ба номи Энаҷон Бойматова боздид кард. Дар Ҷамъияти саҳомии мазкур деҳқонон пас аз ҷамъоварии ғалла бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишти такрорӣ гузаронида истодаанд. Дар кишти такрорӣ ва дар заминҳои миёни қатори боғот картошка парвариш карда мешавад.








Тоҷикистон лоиҳаи бунёди корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ ва истеҳсоли неруи барқро аз ҳисоби партовҳо амалӣ менамояд
Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкориро бо созмонҳои молиявии байналмилалӣ бо мақсади ҷалби сармоя тақвият медиҳад
Гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Эрон қариб 9 миллион доллар афзоиш ёфтааст
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Байни шаҳри Хуҷанд ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ТАЪСИСИ 5 ҲАЗОР ҶОЙҲОИ НАВИ КОР. Дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент ба истифода дода мешаванд
Раванди татбиқи лоиҳаҳои «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа+» ва «Барқарорсозии низоми экологӣ ва устувории кишоварзӣ дар Тоҷикистон» баррасӣ шуд
Дар маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи болобарии нархи семент баррасӣ шуд
Намояндагони Тоҷикистон дар чорабинии Ассамблеяи генералии 93-юми Созмони умумиҷаҳонии солимии ҳайвонот иштирок намуданд
Татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ ва минтақавӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, ҷангал ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
Ноҳияи Темурмалик нақшаи истеҳсоли пилларо пурра иҷро намуд
Раиси Суди Олии Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқот намуд






