Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода бо Губернатори вилояти Свердловск Евгений Куйвашев мулоқот намуд

Июль 29, 2020 10:32

ДУШАНБЕ, 29.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 28 июли соли равон дар Екатеринбург, дар қароргоҳи кории худ Губернатори вилояти Свердловск Евгений Куйвашев Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Сайидзодаро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ки аз Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дипломати тоҷик зимни мулоқот нақшаҳои аввалиндараҷаи фаъолияти худро дар вилояти Свердловск матраҳ намуд.

Зикр гардид, ки дар даҳ соли охир дар маҷмӯи умумии ҳамкории стратегии Тоҷикистон ва Россия саҳми робитаҳои мустақими байниминтақавии ду давлат мунтазам афзоиш меёбад. Аз баракати ин, Федератсияи Россия дар гардиши савдои хориҷӣ ва рушди инноватсионии  Тоҷикистон мавқеи пешоҳанг дорад.

Робитаҳои мустақими тиҷоратӣ ва иқтисодии вилояти аз лиҳози саноатӣ пешрафтаи Свердловск бо минтақаҳои Тоҷикистон метавонанд аз ҳисоби татбиқи лоиҳаҳо ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои мухталифи саноат, ташкили системаҳои муосири логистикӣ ва афзоиши содироти  сабзавот ва меваҳои тару тоза аз Тоҷикистон ба минтақаи Урал аз тариқи  долони содагардонидашудаи гумрукӣ тавсеаи бештар ёбанд,  — гуфт Евгений Куйвашев. Корхонаҳои саноатии дараҷаи олии вилояти Свердловск метавонанд дар пешбурди саноатикунонии муосир ва босуръати  Тоҷикистон, ки яке аз чор ҳадафи стратегии умумиллии он мебошад,  саҳми бузург гузоранд.

Дар ҷараёни суҳбат ба масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангӣ — гуманитарӣ, аз ҷумла соҳаи маориф таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки танҳо дар донишгоҳҳои Екатеринбург 661 тан донишҷӯи тоҷикистонӣ таҳсил мекунанд. Бо дарназардошти маъруфияти касби маълумот ба забони русӣ дар байни ҷавонони тоҷик ва зарурати баланд бардоштани сатҳи таълими он дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон, ҷумҳурӣ метавонад аз имконоти заминавии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Урал барои таълиму тарбияи касбӣ ва такмили ихтисоси муаллимони забони русӣ истифода кунад.

Оид ба аксар масъалаҳои муҳокимашудаи вобаста ба ҳамкории якҷоя мусоҳибон ақидаи муштарак иброз намуданд. Аз ҷумла, зикр  карда шуд, ки минтақаи Урал имкон дорад дар тӯли ду-се сол дар масъалаи ҳамкории байниминтақавии бисёрҷабҳаи Тоҷикистон ва Россия мавқеи пешсаф касб намояд.

Июль 29, 2020 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Низоми бидуни раводид байни Тоҷикистон ва Эрон пурра ба татбиқ расид
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо вазири авқофи Кувайт мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Президенти Шурои ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд