Корхонаҳои саноатии шаҳри Ҳисор 44 номгӯй маҳсулот истеҳсол менамоянд
ҲИСОР, 30.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон дар ҳудуди шаҳри Ҳисор 69 адад корхонаҳои саноатӣ фаъолият доранд, ки асосан дар самти истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноати сабук, нӯшокии машруботӣ, маҳсулоти нафтӣ, оҳан ва маводи сохтмонӣ фаъолият менамоянд. Дар ин корхонаҳои саноатӣ имрӯзҳо 1172 нафар шаҳрвандон фаъолият доранд. Дар ин бора раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода зимни нишасти матбуотӣ изҳори назар намуд.
Зикр шуд, ки дар шаш моҳи соли 2020 корхонаҳои саноатии шаҳри Ҳисор бо нархҳои амалкунанда ба маблағи 105 миллиону 717,4 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба шаш моҳи соли гузашта 7,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Масъулини шаҳри Ҳисор мегӯянд, ки масъалаи саноатикунониро зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор додаву бо назардошти аҳамияти бузурги ҳадафи мазкур бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ дар заминаи иншооти хусусигардонидашуда ҶДММ “Ҳасиби Ҳисор”, корхонаи истеҳсоли гӯшти паранда- ҶДММ “Мақсад -2020”, ҶДММ “Мурғи сабо” ва ҶДММ “Чӯҷаи Ҳисор” бо таъсиси зиёда аз 15 ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуданд. Давоми соли ҷорӣ боз 2 адад корхонаи истеҳсоли гӯшти мурғ бо таъсиси 8 ҷойи кори доимӣ таъсис дода мешаванд.
Зикр гардид, ки соли равон аз ҷониби корхона ва коргоҳҳои саноатӣ 44 номгӯй маҳсулот истеҳсол ва коркард гардиданд, ки нисбат ба ин давраи соли гузашта 6 номгӯй зиёд аст.
Дар ин давра бо таъсиси корхонаҳои нави истеҳсоли гӯшти мурғ аз ҳисоби ҶДММ “Мақсад -2020”, ҶДММ “Чӯҷаи Ҳисор” ва равғани маска, шири пастеризатсияшуда, ҷурғот, чакка, йогурт аз ҳисоби комбинати шири “Авитсена Милк” дар назди ҶСК “Авитсена” ба роҳ монда шуд. Ин номгӯйи маҳсулот солҳои пешин дар рӯйхати молҳои истеҳсолшудаи шаҳр ба қайд гирифта нашуда буд ва истеҳсол намегардид.








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






