Корпоратсияи байналмилалии исломии тиҷоратию молиявӣ ба Тоҷикистон барои мубориза бо COVID-19 грант ҷудо кард
ДУШАНБЕ, 26.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. 23 июл бо дастгирии Хазинаи навтаъсиси рушди тиҷорат, Корпоратсияи байналмилалии исломии тиҷоратию молиявӣ созишнома дар бораи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон додани грант барои хариди лавозимоти тиббиро ба имзо расонид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.
Созишнома харидории таҷҳизоти тиббӣ, аз ҷумла лавозимоти муҳофизати инфиродӣ ва ниқобҳои касбии меъёрии N95-ро маблағгузорӣ мекунад.
Корпоратсия ин созишномаро дар доираи яке аз ташаббусҳои пешбурди тиҷорат – Ташаббуси вокуниши фаврӣ, ки ба дастгирии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ равона шудааст, ба имзо расонид. Дар якҷоягӣ, ин барномаҳо ба баланд бардоштани устувории аҳолӣ ва қобилияти кормандони соҳаи тиб дар мубориза бар зидди COVID-19 нигаронида шудаанд. Ин грант як ҷузъи ваколати «Respond – Вокуниш»-и Барномаи «3 Rs»-и Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд оид ба COVID-19: «Вокуниш, барқарорсозӣ ва дубора ба корандозӣ» мебошад.
Директори генералии Корпоратсия Ҳани Салем Сонболтак ҷудо намудани грантро ба Тоҷикистон чунин шарҳ дод: «Таъмини лавозимоти муҳофизатии инфиродӣ ба кормандони соҳаи тиб дар Тоҷикистон ба пешгирии интиқоли дохилибемористонӣ ва ҳифзи саломатии кормандони соҳа, ки дар сафи пеш қарор доранд ва беист бо COVID-19 мубориза мебаранд, мусоидат мекунад. Он инчунин барои пешгирии паҳншавии вирус дар байни аҳолӣ ва ба ин васила коҳиш додани таъсири иҷтимоию иқтисодии он кумак хоҳад кард».
Ҳадафи Хазинаи навтаъсиси рушди тиҷорат дар назди Корпоратсия дастгирии лоиҳаҳои рушди тиҷорат дар кишварҳои узви СҲИ ва ҷомеаҳои мусулмонон дар кишварҳои ғайриузви ин созмон мебошад. Ин як қисми ҷудонашавандаи стратегияи Корпоратсия барои густариши тиҷорат дар ҷаҳони ислом ба ҳисоб меравад.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






