Кумитаи бехатарии озуқаворӣ: ба миқдори зиёд маҳсулоти пастсифати барои саломатӣ хавфнок муайян ва нобуд карда шуд

Июль 16, 2020 14:15

ДУШАНБЕ, 16.07.2020. /АМИТ «Ховар»/ Дар шаш моҳи аввали соли 2020 аз ҷониби мутахассисони озмоишгоҳҳои Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 33865, 8 кг маҳсулоти гӯштӣ, 5731,6 литр маҳсулоти ширӣ, 11 310 дона тухми ғизоӣ, 53083,8 кг меваю сабзавот, 434, 2 кг моҳӣ, 2753 кг маҳсулоти намакин, 656 литр равғани растанӣ, 6059,8 кг маҳсулоти полезӣ ва 346 кг асал ҳамчун маҳсулоти пастсифати барои саломатӣ хавфнок муайян ва аз фӯруш боздошт гардида,  нобут карда шуданд. 

Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода ба  намояндагони воситаҳои ахбори омма  хабар дод.

«Дар ин давра барои вайрон кардани қойидаҳои байторӣ ва фитосанитарӣ ҳангоми воридоти бор нисбат ба 69 нафар соҳибкор протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд»,-афзуд  раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ.

Муҳаммадсаид Файзуллозода ҳамчунин иброз дошт, ки дар мамлакат дар нимсолаи аввали соли равон  4563 ҳодисаи  бемории ангалӣ (паразитӣ) муайян карда шуда, истеъмоли 18 149 кг узвҳои дохилии ҳайвонот, аз қабили дил, гурда, шуш, ҷигар  манъ гардида, онҳо нобут  карда шуданд.

Дар  нишаст ҳамчунин  зикр гардид, ки то имрӯз 1056 адад иҷозати воридонти карантинӣ ба шахсонӣ ҳуқуқӣ ва  соҳибкорони инфиродӣ  дода шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, функсияҳои махсуси иҷроиявӣ, назоратӣ, иҷозатдиҳӣ ва  вазифаҳои  дигари дар соҳаҳои байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо, ҳимояи растаниҳо, тухмӣ ва зотпарварӣ муқарраргардидаро анҷом медиҳад.

Июль 16, 2020 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд