Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ нисбат ба 6611 вайронкунандаи қонунгузорӣ даъвои судӣ пешниҳод намуд
ДУШАНБЕ, 17.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Давоми шаш моҳи соли 2020 Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ 6697 ҳолати вайрон намудани муқаррароти қонунгузорӣ дар бораи заминро ошкор ва ҷиҳати рафъи онҳо нисбат ба 6611 тан даъвоҳои судӣ пешниҳод намудааст. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода хабар дод.
Дар нишаст ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки бар асоси 6156 даъвои судӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва дар ҳаҷми 2 940 763 сомонӣ ҷарима баста шуд, ки аз он маблағи 2 348.439 сомонӣ (80%) ба суратҳисоби махсуси давлат интиқол ёфтааст.
Дар нишаст таъкид гардид, ки мутобиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 10 сол, аз соли 2009 то 2019 мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои таъмини эҳтиёҷоти аҳолии ба қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ 30492,47 га замин ҷудо намудаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






