Маркази қонунгузорӣ: Дар шаш моҳ 42 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ташхиси ҳуқуқӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 20.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Гузаронидани экспертизаи ҳуқуқии лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ яке аз вазифаҳои асосии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки дар ин давра Марказ 42 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронида, барои аз ҷиҳати илмиву амалӣ асоснок намудан, мукаммалу мушаххас гардонидани механизми татбиқи онҳо 226 таклиф пешниҳод намуд. Дар ин бора имрӯз директори Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Саидзода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод дар ҳузури хабарнигорон сухан гуфт.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар робита ба самти мавриди назар фаъолият оид ба мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳои замин» мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода шуда, тавсияҳо оид ба такмили муқаррароти он омода гардиданд, ки 18 таклифро дар бар мегиранд. Доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 13 таклиф рӯи кор омад.
Зикр гардид, ки дар шашмоҳаи якуми соли 2020 Маркази миллии қонунгузорӣ ҳамчун мақоми ваколатдори гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ лоиҳаи 13 санади меъёрии ҳуқуқии соҳаи соҳибкориро дар робита ба таҳлили таъсири танзимкунӣ мавриди баррасӣ қарор дода, ба онҳо хулосаҳои ҳуқуқӣ пешниҳод намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






