«Маркази ёрии ҳуқуқӣ» дар шаш моҳ ба 3 916 шаҳрванд кумаки ҳуқуқии ройгон расонид
ДУШАНБЕ, 13.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз тарафи Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» дар 34 шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ 37 бюро таъсис дода шудааст, ки дар онҳо 39 ҳуқуқшинос фаъолият доранд. Дар шаш моҳи соли 2020 ҳуқуқшиносони бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ, ки моделҳои №1.1, №1.2 ва №2 «Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон» —ро таҷриба мекунанд, ба 3 916 шаҳрванд ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа расониданд, ки аз ин миқдор 2 264 зан, 1 651 мард ва 146 маъюб мебошанд.
Ин матлаб зимни нишасти матбуотии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз дар Маркази матбуоти ҷумҳуривии АМИТ «Ховар» баргузор шуд, баён гардид.
Дар нишаст ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби ҳуқуқшиносони бюрои давлатии ҳуқуқӣ 52 ҷаласаи сайёр дар мавзӯи муносибатҳои оилавӣ, ҳуқуқ ба мерос, пешгирии зўроварӣ дар оила гузаронида шуданд, ки дар онҳо 1 231 шаҳрванд иштирок кард.
Ҳамзамон машваратчиёни ҳуқуқии муассиса ба 538 шаҳрванд иттилооти ҳуқуқӣ расониданд ё ба идораю мақомоти дахлдор равона сохтанд.
Дар ин давра ба маркази ҳамоҳангсозии муассиса (колл-сентр) 898 занги телефонӣ оид ба дархости адвокат барои иштирок кардан дар парвандаҳои ҷиноятӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 892 мард, 46 зан ва 121 ноболиғро ташкил медиҳад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






