Мавқеи Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА тағйир наёфт

Июль 16, 2020 17:45

ДУШАНБЕ, 16.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Федератсияи байналмилалии футбол рейтинги нави худро нашр намуд, ки тибқи он дастаи мунтахаби Тоҷикистон мавқеашро иваз накарда, бо касби 1152 имтиёз дар зинаи 121-ум боқӣ монд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи итиллои манбаъ, дар байни кишварҳои Осиё  аз ҳама натиҷаи беҳтарро дастаи мунтахаби Япония  дорад, ки бо касби 1500 хол дар зинаи 28-уми раддабандӣ қарор  гирифтааст. Дар рейтинги КФО бошад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷои 22-юм ҷой дорад.

Хотиррасон менамоем, ки дар феҳристи раддабандии ҷадиди ФИФА дастаи мунтахаби Белгия бо касби 1765 имтиёз дар зинаи якум, тими мунтахаби Франсия  бо касби  1733 имтиёз дар ҷойи дуюм ва дастаи мунтахаби  Бразилия  бо  1712 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор доранд.

Топ-10 рейтинги ФИФА дар айни ҳол ба таври зайл аст:

  1. Белгия (1765 хол)
  2. Франсия (1733)
  3. Бразилия (1712)
  4. Англия (1661)
  5. Уругвай (1645)
  6. Хорватия (1642)
  7. Португалия (1639)
  8. Испания (1636)
  9. Аргентина (1623)
  10. Колумбия (1622)

…

  1. Тоҷикистон (1152)
Июль 16, 2020 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд