Мавқеи Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА тағйир наёфт
ДУШАНБЕ, 16.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Федератсияи байналмилалии футбол рейтинги нави худро нашр намуд, ки тибқи он дастаи мунтахаби Тоҷикистон мавқеашро иваз накарда, бо касби 1152 имтиёз дар зинаи 121-ум боқӣ монд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи итиллои манбаъ, дар байни кишварҳои Осиё аз ҳама натиҷаи беҳтарро дастаи мунтахаби Япония дорад, ки бо касби 1500 хол дар зинаи 28-уми раддабандӣ қарор гирифтааст. Дар рейтинги КФО бошад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷои 22-юм ҷой дорад.
Хотиррасон менамоем, ки дар феҳристи раддабандии ҷадиди ФИФА дастаи мунтахаби Белгия бо касби 1765 имтиёз дар зинаи якум, тими мунтахаби Франсия бо касби 1733 имтиёз дар ҷойи дуюм ва дастаи мунтахаби Бразилия бо 1712 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор доранд.
Топ-10 рейтинги ФИФА дар айни ҳол ба таври зайл аст:
- Белгия (1765 хол)
- Франсия (1733)
- Бразилия (1712)
- Англия (1661)
- Уругвай (1645)
- Хорватия (1642)
- Португалия (1639)
- Испания (1636)
- Аргентина (1623)
- Колумбия (1622)
…
- Тоҷикистон (1152)








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






