Нусратулло Давлатзода: «Таъмин нагардидани буҷети давлатӣ ба фаъолият накардани бархе субъектҳои хоҷагидор ва дигар омилҳо марбут аст»
ДУШАНБЕ, 30.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли равон омилҳое, ки ба таъмин нашудани иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ таъсир расониданд, ин нокифоя афзоиш ёфтани манбаъҳои андозбандӣ дар аксарияти шаҳру ноҳияҳо, фаъолият накардан ва коҳиш ёфтани манбаъҳои андозбандишаванда аз ҳисоби ширкатҳои ҳавопаймоӣ, фурудгоҳҳо ва ширкатҳои хизматрасонии ҳамин соҳаҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, муваққатан фаъолият накардани як қатор субъектҳои хоҷагидор, аксар бозорҳо ва марказҳои калони тиҷоратӣ, хизматрасонӣ, кам шудани воридоти мол ба қаламрави ҷумҳурӣ, коҳиш ёфтани гардиши савдои чакана ва ногувор шудани вазъи молиявии баъзе аз корхонаҳо, паст шудани қобилияти харидории шаҳрвандон ва кам шудани шумораи коргарон дар аксарияти субъектҳои хоҷагидор мебошад. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода баён дошт.
Мавсуф иброз намуд, ки сарфи назар аз чораҳои зиёди аз ҷониби мақомоти андоз дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ андешидашуда, дар натиҷаи таъсири як қатор омилҳо нақшаи муқарраршудаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 92,9 фоиз таъмин шуда, ба буҷет нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 372,5 млн. сомонӣ кам маблағ ворид гардид.
Ҳамчунин зикр гардид, ки ба таъмин нагардидани иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо дар ин давра аз ҳисоби корхонаҳои калонтарин ва ширкатҳои мобилӣ бинобар нокифоя афзоиш ёфтани манбаъҳои андозбандӣ ва таъмин накардани иҷрои уҳдадориҳо дар назди буҷет 488,0 млн сомонӣ андозҳо ворид карда шуданд, ки нисбат ба нақшаи муқарраршуда 211,4 млн сомонӣ кам мебошад.
Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки бо назардошти вазъияти баамаломадаи пандемия интизоми андозсупории андозсупорандагон коҳиш ёфта, аз шумораи умумии шахсони ҳуқуқии амалкунанда зиёда аз 13,0 фоизи онҳо (4560 адад) муваққатан аз фаъолият бозмонда, зиёда аз 15,0 фоизи чунин субъектҳо (5200 адад) ҳисоботи худро ба мақомоти андоз ба таври сифрӣ ё дар дигар ҳолатҳо зиёда аз 10,0 ҳазор андозсупорандагон эъломияҳои андозиро сари вақт ба мақомоти андоз пешниҳод накарданд.
Нусратулло Давлатзода доир ба ин масъала гуфт, ки ҷиҳати пешгирии қонунвайронкуниҳо, ислоҳи камбудиҳо ва таъмини пешниҳоди эъломияҳо бо ин субъектҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва назоратии иловагӣ бурда шуда истодаанд.
Воридоти андозҳо ба буҷет дар ин давра асосан аз ҳисоби 30 адад корхонаҳои калони соҳаҳои саноат, хизматрасонии байналмилалии мусофиркашонӣ ва боркашонӣ, меҳмонхонаҳо, як қатор бонкҳои тиҷоратӣ, соҳаи алоқа, ширкатҳои сохтмонии дар иншооти муҳими давлатӣ иштирокдошта кам шуда, дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби ин корхонаҳо ба буҷет дар маҷмӯъ 650,0 млн. сомонӣ маблағҳо пардохт карда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 424,0 млн сомонӣ кам мебошад.
Омили дигаре, ки ба таъмин нашудани иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ таъсир расонида истодааст, ин дар сатҳи зарурӣ афзоиш наёфтани музди меҳнат ва шумораи коргарон дар баъзе корхонаю ташкилот мебошад, ки манбаи андозбандии андози даромад ва андози иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.
Ҷиҳати пешгирии зиёдшавӣ ва тибқи тартиби муқарраршуда маҷбуран рўёнидани маблағи бақияи қарзи андозҳо, дар ин давра аз тарафи мақомоти андоз нисбат ба зиёда аз 4890 андозсупорандагони қарздор оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи 491,0 млн. сомонӣ қарорҳо қабул гардиданд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рўи шумораи андозсупорандагони қарздор 1240 адад ва маблағи қарорҳо 91,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби қарорҳои соли 2019 қабулгардида дар маҷмуъ ба буҷет 410,8 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 112,0 млн. сомонӣ зиёд буда, дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд.








Дар Тоҷикистон намояндагии Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист ифтитоҳ меёбад
Дар ноҳияи Рашт дар 1650 гектар замин картошка кишт карда мешавад
Дар Суғд Форуми байналмилалии «Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиёӣ» баргузор мегардад
Деҳқонони хоҷагии «Ёрмуҳаммад»-и ноҳияи Кӯшониён бозори дохилиро бо маҳсулоти барвақтӣ таъмин менамоянд
РУШДИ САНОАТ. Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 16 миллиард сомонӣ расид
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ ҳамоиш доир шуд
Дар доираи RES-2026 ҳамкории иқлимии кишварҳои Осиёи Марказӣ тақвият меёбад
Вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Мински Беларус ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Дар АМИТ «Ховар» доир ба масъалаи муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон беш аз ҳазор гармхонаи доимамалкунанда фаъолият менамоянд
Дар ноҳияи Айнӣ майдони кишти картошка зиёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад






