ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда ва эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст

Июль 17, 2020 08:10

ДУШАНБЕ, 17.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр  мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо вилоят борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар 24+29 +30 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 35+40  дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12  ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати  4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 16+21 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағирёбанда шуда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 27+32 дараҷа  гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 19-21  ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.

Июль 17, 2020 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дониш одамонро ба ҳам наздик мекунад: сокинони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оператори алоқаи худро хубтар мефаҳманд
«НОЗИРОНИ НАВРАСИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ». Наврасони шаҳри Турсунзода сазовори ҷойи аввали озмуни ҷумҳуриявӣ гардиданд
Ба ифтихори ҷашни Истиқлоли давлатӣ беш аз 2 километр роҳи байнидеҳавӣ дар шаҳри Ҳисор пурра мумфарш мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Дар шаҳри Норак бо падару модарони хонандагони муассисаҳои таълимӣ мулоқоти судманд доир шуд
Дар Хуҷанд мусобиқаи шаҳрии футбол барои Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид
Шумораи бабри барфӣ ё озодапаланг дар Маркази солимгардонӣ ва парваришгоҳи ноҳияи Мурғоб ба шаш сар расид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Риояи маърифати ҳуқуқӣ омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ аст
Се хонандаи муассисаи таълимии деҳаи Саричашмаи ноҳияи Файзобод сазовори квотаи президентӣ гардид
Дар Суғд нахустин фестивали «СУҒД-КЛИМАТ-FEST» баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон намоиши маҳсулот ва ярмаркаи ҷойи кор барои хатмкунандагон баргузор шуд