Пагоҳ Форуми «Боғҳои Россия ва ИДМ-2020» тариқи онлайн баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 07.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 8 июл Форуми «Боғҳои Россия ва ИДМ» тариқи онлайн баргузор мегардад. Иштирокчиёни корхонаҳои соҳавии мамлакатҳои гуногун сармоягузорӣ, технология ва инноватсия, инчунин ҳамкорӣ бо таъминкунандагони минтақавӣ ва байналмилалии технологияҳои пешрафтаи соҳаи боғпарвариро муҳокима хоҳанд кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Ташкилкунандагон итминон доранд, ки ин шакл имкон медиҳад, ки муоширати корӣ, мубодилаи афкор ва таҷриба, таҳияи қарорҳои зиддибӯҳронӣ дар реҷаи вақти воқеӣ ва бехатар сурат гирад.
Дар чорабинӣ ҳамасола 500 нафар намояндагон аз боғҳои калони саноатӣ, токзорҳо, плантатсияҳои мевагӣ ва ниҳолхонаҳо иштирок мекунанд.
Самтҳои асосии кори онлайн – форум 2020: иртиботи мустақим бо коршиносони соҳаи тиҷорат, муаррифии лоиҳаҳои сармоягузории боғпарварон дар кишварҳои ИДМ, ҷаласаи пленарии стратегӣ ва муҳокима оид ба рушди соҳа бо назардошти стратегияи зиддибӯҳронӣ мебошанд.
АКС аз yugtimes.com








Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд






