Палатаи савдо ва саноат дар Япония, Германия, Беларус, Россия, Амрико ва дигар давлатҳо намояндагии худро таъсис медиҳад

Июль 15, 2020 17:11

ДУШАНБЕ, 15.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар давлатҳои хориҷи дуру наздик 6 намояндагии  Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад, ки ба рушди робитаҳои мутақобилаи иқтисодӣ ва тиҷоратии ин кишварҳо бо Тоҷикистон мусоидат менамояд. Палатаи савдо ва саноат кӯшиш дорад, ки  солҳои оянда намояндагиҳои худро дар Япония, Германия, Беларус, Россия, Амрико ва дигар давлатҳо таъсис диҳад.

Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷурахон Ҷумъахонзода  ба  намояндагони воситаҳои ахбори омма  хабар дод.

«Дар шаш моҳи аввали соли равон  ба содироткунандагони молу маҳсулоти ватанӣ  7509 шаҳодатномаи кишвари баромади мол,  аз ҷумла аз ҷониби дастгоҳи марказии Палата — 2200 адад, Палатаи вилояти Суғд — 3419 адад ва Палатаи вилояти Хатлон — 1890 адад дода шудааст»,- илова кард раиси Палатаи савдо ва саноат.

Ҷурахон Ҷамшед ҳамчунин иброз дошт, ки дар нимсолаи якуми соли равон  ба аъзогии Палата 116 корхонаю ташкилотҳои нав ҷалб карда шуда, шумораи умумии онҳо ба ҳолати 1 апрели равон ба 774 адад расонида шудааст. Аз ҷумла, ин рақам  дар  шаҳри  Душанбе ва тобеъи марказ 306, вилояти Суғд 237, Хатлон 208 ва ВМБК 23 ададро дар бар мегирад. Инчунин ба суроғаи  бештар аз 397 адад корхонаю ташкилотҳо ва  соҳибкорон бо мақсади ҷалб намудани  онҳо ба аъзогии Палата маводи иттилоотӣ ва тиҷоратӣ фиристода шудааст.

Дар нишаст зикр гардид, ки хизматрасонии нави ройгон, аз қабили машварат дар самти ҳуқуқ ва самти андоз барои аъзоёни Палата ҷорӣ карда шудааст. Бо мақсади дастгирии соҳибкорон хизматрасонии ройгон- тамоси телефонии фаврӣ бо назардошти мушкилиҳои ба миёномада вобаста ба пандемияи коронавирус ва таъсири он ба фаъолияти соҳибкорӣ ҷорӣ карда шуд.

Ёдовар мешавам, ки ҷиҳати шиносоӣ  аз навигариҳои технологияи муосири истеҳсолӣ ва пайдо намудани шарикони ҳамкор бо мусоидати Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи сипаригашта зиёда аз 81 нафар соҳибкорони ватанӣ аз намоишгоҳҳои хориҷӣ дидан намуданд.

Июль 15, 2020 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид