Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхонаи мавсимии банду басти пиёз дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос гардиданд

Июль 2, 2020 11:08

ДУШАНБЕ, 02.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо фаъолияти корхонаи мавсимии «Баракат» шинос шуданд.

Корхонаи мавсимии «Баракат» аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Мирҷамол Ҷамолов дар масоҳати 1,17 гектар замин таъсис дода шуда, аз ду қитъа иборат мебошад, ки яке 0,49 ва дигаре 0,68 гектарро дар бар мегирад. Дар ин корхонаи мавсимӣ асосан пиёз бо усули муосир тоза ва коркард карда шуда, дар халтаҳо гирифта мешавад ва сипас барои фурӯш ва содирот пешниҳод мегардад.

Дар давраи коркарди пиёз, ки 2 моҳ идома мекунад, беш аз 500 нафар занону духтарони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда мешаванд.

Соҳибкорон дар ҳамкорӣ бо хоҷагидорону кишоварзони ноҳия дар моҳҳои май ва июни соли ҷорӣ беш аз 10800 тонна пиёзро ба кишварҳои хориҷ содирот карда, ҳамчунин барои зимистонгузаронӣ дар анборҳои корхонаи мазкур 1000 тонна пиёз ҳамчун захира нигоҳ дошта мешавад.

Дар маҷмӯъ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 14609 гектар замини корам мавҷуд буда, аз он 12522 гектарашро заминҳои обӣ ва 2087 гектарашро заминҳои лалмӣ ташкил медиҳад.

Хоҷагидорону кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо пуштибонӣ аз сиёсати муваффақонаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини сокинон бо маҳсулоти ниёзи аввалу аз ҷиҳати экологӣ тоза, то имрӯз дар масоҳати 541 гектар кишти пиёз гузаронидаанд.

Шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи мавсимии банду басти пиёз дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов 02.07.2020

Июль 2, 2020 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд