Помпео бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи амнияти озуқавориро муҳокима намуд
ДУШАНБЕ, 01.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Котиби давлатии ИМА Майкл Помпео рӯзи сешанбе бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи таъминоти амнияти озуқавории минтақаро дар заминаи пандемия баррасӣ намуд. Дар ин бора дар иттилоияи хадамоти матбуоти Департаменти давлатии ИМА зикр шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
«Котиби давлатии ИМА дар муколамаи виртуалии сатҳи баланд дар чаҳорчӯбаи «C5 + 1» муштаракан бо вазирони корҳои хориҷии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат варзид. Котиби давлатии ИМА ҷонибдории кишварашро аз ин платформаи дипломатӣ барои манфиатҳои умумӣ дар соҳаи амният, ба шумули сулҳ дар Афғонистон, инчунин ҷиҳати тавсеаи робитаҳои минтақавӣ ва савдо, тасдиқ намуд», — омадааст дар иттилоияи Департаменти давлатии ИМА.
Помпео изҳор намуд, ки «ИМА дастгирии бемайлонашро аз истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишварҳои Осиёи Марказӣ идома медиҳад».
«Котиби давлатӣ инчунин аз кӯшишҳои Иёлоти Муттаҳида дар самти таҳким ва тавсеаи суботи иқтисодӣ ва равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ дар заминаи пандемия ёдовар шуд,» — гуфта мешавад дар иттилоия.
Тавре чанде пеш АМИТ «Ховар» хабар дод, дар конфронси видеоии сатҳи баланд дар чаҳорчӯбаи «C5 + 1» бо иштироки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Котиби давлатии ИМА, ки 30 июн баргузор гардид, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳридин ширкат ва суханронӣ намуд.









Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо раиси Бунёди фарҳангии Ал-Бобтайн вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Шурои давлатии Чин Ли Сян баргузор гардид
Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбаргузор гузошт
Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд
Намояндаи Тоҷикистон бо Мудири кулли Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева мулоқот намуд
Дар Женева афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд






