Раҷабмо Ҳабибулозода: «Кӯдаконе, ки аз кишварҳои ҷангзада ба Тоҷикистон оварда шуданд, ба ҳаёти имрӯзаи мо мутобиқ гардиданд»
ДУШАНБЕ, 16.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 84 нафар кӯдаконе, ки соли сипаришуда аз кишварҳои ҷангзада, аз ҷумла Ироқ бо ташаббуси инсондӯстонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон оварда шуданд, айни замон дар мактаб- интернатҳо ва Хонаи кӯдакони ҷумҳурӣ ҷойгир карда шудаанд. Дар ин бора Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибулозода имрӯз зимни нишасти хабарии ин ниҳод дар ҳузури сершумори хабарнигорон баён дошт.
«Ин кӯдакон, ки аксарияташон дар кишварҳои ҷангзада ба дунё омадаанд, аз ҳарфҳои крилӣ бархӯрдор набуданд. Ба ин бачаҳо ҳарфу хати забони модарӣ таълим дода, онҳо ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Ҳамзамон ҳангоми ташриф ба муассисаҳои таълимӣ бараъло мушоҳида мегардад, ки онҳо аллакай ба ҳаёти имрӯзаи мо мутобиқ шуданд. Хешовандону наздикони онҳо омада, пайваста аз ҳолу аҳволи ин кӯдакон хабар мегиранд. Онҳо аз ғамхориву дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба таълим фаро гирифтани ин бачаҳо ва шароити хуби таълимии онҳо изҳори минатдории баён менамоянд»,- афзуд Раҷабмо Ҳабибулозода.








ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд






