Раиси Палатаи ҳисоб: «Санҷишҳоро кам кардем, вале зарари молиявӣ зиёд ошкор шуд»
ДУШАНБЕ, 16.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсоли аввали соли равон зарари молиявиро ба маблағи 89 млн. сомонӣ муайян намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 миқдори аудитҳо 45 адад кам, вале зарари молиявӣ 631,7 ҳазор сомонӣ зиёд будааст.
Дар ин бора Раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода зимни пешниҳоди ҳисобот дар бораи натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2020 имрӯз дар нишасти хабарии ин ниҳод ба хабарнигорон маълумот дод.
«Аз маблағи умумии зарари молиявии ошкоргардида, хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 21,7 млн. сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 262,3 ҳазор сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 14,4 млн. сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 1,1 млн. сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 3,4 млн. сомонӣ, маблағҳои кам ҳисобигардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 21,6 миллион сомонӣ пардохтҳои ҳатмӣ ва дигар ғайраҳо ба буҷет 26 млн. сомонӣ ва пардохт накардани суди саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта 595,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад»,- афзуд номбурда.
Иттилоъ дода шуд, ки аз ҳисоби зарарҳои ошкоршуда, зарари молиявӣ ба маблағи 77,2 млн. сомонӣ, аз ҷумла ба буҷет 46, млн. ва ба корхонаҳо 31,2 млн. сомонӣ барқарор гардид.
Ба гуфтаи раиси Палатаи ҳисоб, яке аз сабабҳои роҳ додан ба камбудии молиявӣ ин аз ҷониби вазорату идораҳо ва дигар муассисаҳои буҷетӣ дуруст таъмин нагардидани назорати дохилиидоравӣ, ба таври самаранок идора нагадидани маблағҳои ҷудогардида ва назорати ғайриқаноатбахши роҳбарону муттасадиёни вазорату кумитаҳо нисбат ба фаъолияти сохторҳои зертобеъ мебошанд.
Қарахон Чиллазода афзуд, ки дар ин давра чорабиниҳои назоратӣ оид ба баҳодиҳӣ ба ташаккул ва иҷрои қисми даромад ва хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ дар шаҳри Конибодом, ноҳияҳои Сангвору Тоҷикобод, Қубодиён ва ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе гузаронида шуд, ки дар раванди онҳо 211 ташкилоту муассисаи буҷетӣ мавриди аудити молиявӣ қарор дода шуда, зарари молиявӣ ба маблағи 11,8 млн. сомонӣ ошкор гардид. Товони зарари молиявӣ ба маблағи 11,5 млн. сомонӣ аз ҷумла ба буҷет 9,7 млн. сомонӣ ва ба корхонаю муассисаҳо 1,8 млн. сомонӣ барқарор шудааст.








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






