Санаи бозиҳои дастаҳои футболи «Истиқлол» бо «Алтин Асир» ва «Дордой» бо «Хуҷанд» муайян шуд

Июль 11, 2020 09:52

ДУШАНБЕ, 11.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё тақвими бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020-ро дар минтақаи Осиёи Марказӣ нашр намуд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, бозиҳои гурӯҳи «D» бо иштироки дастаҳои футболи  «Истиқлол»-и Тоҷикистон, «Алтин Асир»-и Туркманистон, «Дордой»-и  Қирғизистон ва «Хуҷанд»-и  Тоҷикистон аз 23  октябр то 4  ноябри соли равон, доир мешаванд. Гуфта мешавад, ки бозиҳои гурӯҳи «D» дар як кишвар баргузор мешаванд. Кишвари мизбон рӯзҳои наздик расман эълон карда мешавад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон аллакай ба КФО дархост намудааст, ки бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ дар гурӯҳи «D» дар шаҳри Душанбе доир шаванд. Ғолиби гурӯҳи мазкур дар даври нимниҳоии байниминтақавӣ, ки 24-25  ноябр доир мешавад, иштирок мекунад.     Хотиррасон мешавем,ки баргузории финали Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё бошад санаи 12  декабр дар назар аст.

Ҷоми КФО-2020. Минтақа «Осиёи Марказӣ». Гӯруҳи «D»

Даври 1-ум

11 март

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон) — 2:0

20 октябр (сешанбе)

«Дордой» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

  Даври 2-юм

23 октябр (ҷумъа)

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Дордой» (Қирғизистон)

«Алтин Асир» (Туркманистон») — «Истиқлол» (Тоҷикистон)

  Даври 3-юм

26 октябр (душанбе)

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) — «Алтин Асир» (Туркманистон»)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) — «Дордой» (Қирғизистон)

Даври 4-ум

29 октябр (ҷумъа)

«Алтин Асир» (Туркманистон») — «Хуҷанд» (Тоҷикистон)

«Дордой» (Қирғизистон) — «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 5-ум

1 ноябр (якшанбе)

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) — «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Алтин Асир» (Туркманистон») — «Дордой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум

4 ноябр (Чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) — «Алтин Асир» (Туркманистон»)

«Дордой» (Қирғизистон) — «Хуҷанд» (Тоҷикистон)

Ёдовар мешавем, ки ду дастаи  Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд — дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё  -2020 ба гурӯҳи «D» шомиланд.  Бозии нахустин даври мусобиқа дар ин гурӯҳ миёни  дастаҳои  футболи  «Истиқлол»-и Душанбе  ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ки 11  марти соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бе ҳузури тамошобинон доир гардида буд, бо пирӯзии чемпиони  Тоҷикистон-  «Истиқлол»-и Душанбе  бо ҳисоби 2:0 ба поён расида буд.

Ҳамин тариқ,  дастаи  футболи «Истиқлол»-и Душанбе  бо се имтиёз дар гурӯҳи «D»  мақоми аввалро касб намуд.

Июль 11, 2020 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд