«ШОМЕ ДАР КИТОБХОНА». Зери ин ном ҳар ҳафта маҳфили ҷавонону наврасони боистеъдод доир мешавад
ДУШАНБЕ, 15.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе «Маҳфили адибони ҷавони навқаламу эҷодкор»-ро таъсис додааст, ки ҳар ҳафта рӯзи сешанбе дар барномае таҳти унвони «Шоме дар китобхона» бо ҷалби ҷавонону наврасони соҳибистеъдод, адибону навқаламони ҷавон ва ғолибону иштирокчиёни озумуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи донои китоб аст» баргузор мешавад.
Ба иттилои дастандаркорон, маҳфили мазкур бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳандозӣ гардидааст. Тавре зикр мешавад дар маҳфил масъулони соҳа дар бораи тартиби баргузорӣ ва иштирок дар озмун суҳбатҳо намуда, ба саволҳои иштирокчиён посух медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» миёни тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат) доир мегардад.
Озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи феврал то декабри соли 2020, аз ҷумла:
— даври якум моҳи апрел дар муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту муассисаҳои деҳот ва шаҳрак;
— даври дуюм моҳи июн дар маркази ноҳия ва шаҳрҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе);
— даври сеюм нимаи дуюми моҳи сентябр дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;
— даври чорум – ҷумҳуриявӣ барои ғолибони даври сеюм то 10 декабр дар муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» гузаронида мешавад.
Озмун аз рӯйи панҷ номинатсия баргузор карда мешавад:
— адабиёти классикӣ;
— адабиёти муосир;
— адабиёти бачагона;
— адабиёти ҷаҳон;
— шоирӣ.
Бояд гуфт, ки ҷиҳати амалӣ намудани Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 1 646 400 (як миллиону шашсаду чилу шаш ҳазору чорсад) сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст. Шоҳҷоизаи асосии озмун 60 000 сомонӣ муайян шудааст.
Мақсади ташкил ва баргузор намудани чорабинӣ, ин баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии мамлакат мебошад.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР
АМИТ «Ховар»








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд






