Сироҷиддин Муҳриддин дар якумин нишасти видеоконфронсии вазирони «Осиёи Марказӣ – Чин» ширкат намуд
ДУШАНБЕ, 17.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 16 июл бо ташаббуси Ҷумҳурии Мардумии Чин якумин нишасти вазирони сиғаи «Осиёи Марказӣ – Чин» дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, ки дар кори он Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ширкат намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар рафти ҷаласа вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ин абзори нав дар бораи масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бо ҳамагирии COVID-19, барқароркунии иқтидори иқтисодӣ, таъмини амнияти минтақавӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Зимни суханронӣ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зикр кард, ки ҳамкории муштарак дар чаҳорчӯби сиғаи нави «Чин – Осиёи Марказӣ» ва абзорҳои дигар муҳим арзёбӣ мегардад ва дар рушду тақвияти шарокати стратегии миёни кишварҳои минтақа нақши намоён мегузорад.
Бо ишора ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон бар асари шуюи ҳамагирии COVID-19, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҳамтоёни худ даъват кард, ки барои пешгирии баъдии сирояти коронавирус ва барқарор кардани рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақа чораҳои муассир андешида шаванд. Зикр гардид, ки ҳамагирии COVID-19 башариятро бо таҳдид ва чолишҳои ҷиддӣ рӯбарӯ кардааст. Ба ин муносибат, ӯ аз давлатҳои иштироккунанда даъват ба амал овард, то дар мубориза бо пайомадҳои ҳамагирӣ бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда муттаҳид шаванд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани бемории ҳамагир меандешад. Дар ин замина, ӯ барои ёрӣ ва дастгирии Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон дар мубориза бо шуюи коронавирус изҳори сипос кард.
С. Муҳриддин роҷеъ ба мавзӯъҳои рушди ҳамкории минтақавӣ таъкид намуд, ки бояд татбиқи лоиҳаҳои бахши энергетикаву саноат ва кишоварзӣ сурат гирифта, иқтидори содирот афзун гардад ва интиқоли бетаваққуфи бор таъмин шавад.
Мавсуф гуфт, ки ҳамкории кишварҳои минтақа дар соҳаи амният барои сулҳи босубот ва устувор дар Афғонистон аҳаммияти хоса дорад. Ин ҳамкориҳо омили калидӣ ҷиҳати таъмини амният дар минтақа маҳсуб ёфта, соири кишварҳо бояд барои барқарорсозии соҳаи иҷтимою иқтисодии ин кишвар таваҷҷуҳи бештар заҳир намоянд.
АКСҲО аз ВКХ ҶТ








COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд






