Сокинони деҳаи Баравуни ноҳияи Ванҷ бо оби нӯшокӣ таъмин гаштанд

Июль 7, 2020 08:22

ДУШАНБЕ, 07.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Баравуни ҷамоати деҳоти Ҷовидони ноҳияи Ванҷ дарозтарин хати оби нӯшокӣ ба истифода дода шуд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дарозии хати оби нӯшокӣ 14 км буда, 62 нуқтаро дар бар мегирад.

Дар маросими ифтитоҳи хати оби нӯшокӣ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим ва намояндагони шарикони рушд сухан карданд.

Зикр гардид, ки арзиши лоиҳавии иншоот якуним миллион сомонӣ буда, саҳми мардум дар бунёди он назаррас мебошад.  Хати оби нӯшокӣ бо усули муосир сохта шуда, барои сарфаи дурусти об ҳисобкунакҳо васл карда шудаанд.

Иншооти мазкур дар доираи «Барномаи рушди манотиқи кӯҳистон» оид ба таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд мавриди истифода қарор гирифт.

Июль 7, 2020 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид