«Сомон Эйр» 9 ва 10 июл ба Дубай ва Минск парвозҳои махсус анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 07.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таҳвили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Амороти Муттаҳидаи Араб 9 июли соли равон дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе парвози махсус анҷом дода мешавад. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши парвоз ба ватанро доранд, барои сабти ном бояд ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар АМА муроҷиат намоянд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ҳамзамон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки азми сафар ба қаламрави Амороти Муттаҳидаи Арабро доранд, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаи вуруд (раводиди корӣ, ҷавоби мусбати барномаи электронии Permit ва ID-корти Emirates), инчунин маълумотномаи гирифтор набудан ба COVID-19, ки на бештар аз 72 соат пеш аз парвоз дода шудааст, имкон доранд аз Душанбе ба Дубай парвоз намоянд. Шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, ки асноди зарурӣ барои воридшавӣ ва иҷозаи убури транизитиро тавассути қаламрави АМА доранд, ҳамчунин ба Дубай интиқол дода мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе 18:00 ва аз Дубай 21:45 ба вақти маҳаллӣ мебошад.
Инчунин, 10 июл бо мақсади таҳвили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳуриҳои Беларус ва Украина дар масири Душанбе-Минск-Душанбе парвози махсус (чартерӣ) сурат мегирад. Шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, ки асноди заруриро барои воридшавӣ ва иҷозаи убури транизитиро тавассути қаламрави Ҷумҳурии Беларус доранд, имкони парвоз аз Душанбе ба Минскро хоҳанд дошт. Вақти парвоз аз Душанбе 07:00 ба вақти маҳаллӣ мебошад. Барои парвоз аз Минск ба Душанбе шаҳрвандони хоҳишманди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ҷиҳати бақайдгирӣ ба намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Беларус ва Украина муроҷиат намоянд
Шаҳрвандон метавонанд барои хариди чипта ва гирифтани маълумоти иловагӣ ба марказӣ маълумотдиҳии ширкат — 44 640 40 49, 44 640 40 50, call-center@somonair.com муроҷиат намоянд.








Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд






