Суғд: ба маъюбону пиронсолон кумакҳои моддию маънавӣ расонида мешаванд
ДУШАНБЕ, 07.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 8 июл дар қаламрави мамлакат Рӯзи маъюбон ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат кормандони шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба аёдати пиронсолу маъюбон рафта, ба онҳо кумаки моддию маънавӣ расониданд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Чунин тадбирҳо таҳти ҳидояту дастгириҳои бевоситаи Сарвари давлат сурат гирифта, пиронсолону маъюбон аз кӯмакҳои иҷтимоӣ бархӯрдор мегарданд ва ин амали хайр ба ҳукми анъана даромадааст.
Дар ин рӯз баҳри дастгирӣ ва зиёд намудани ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти ҳифзи ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд ва ҳарчӣ беҳтар намудани шароити кору зиндагии онҳо тадбирҳо амалӣ карда мешаванд.
Ҳукумати мамлакат тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба ин табақаи осебпазири ҷомеа таваҷҷуҳи махсус медиҳад. Дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» ва чандин санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳои байналмилалӣ қабул шудаанд, ки ба танзими фаъолияти ин қишри ҷомеа равона гардидаанд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






