ТАҒЙИР ДОДАНИ САРҲАДИ НОҲИЯҲОИ ШОҲМАНСУР, ФИРДАВСӢ, СИНО ВА ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Ин масъала пагоҳ дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баррасӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 14.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, пагоҳ 15 июл, соати 9:00 дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум доир мегардад. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар иҷлосияи мазкур масъалаҳои тағйир додани сарҳади ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, рушди соҳаи энергетика, бахусус ба низоми замонавии билингӣ гузаштани хизмат, таъмини боэътимоди барқ ба сокинон, таҷдиду барқарорсозии зеристгоҳҳои барқӣ ва барқарорсозии қисмати шабака, иҷрои барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», рафти таъмини иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 10 сентябри соли 2019 «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинонидани ниҳолҳои дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсола дар мавсими тирамоҳи соли 2019 ва баҳори соли 2020», ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №23 ва №42, таъйин намудани интихобот дар ҳавзаҳои интихоботии №23 ва №42, таъсис додани Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2020 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм ва тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Ба иттилои манбаъ, барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда буд.
Тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳр, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум аз 2 то 13 июли соли 2020 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум таклифҳои мушаххасро пешниҳод намуданд.








Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид






