ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 июл, панҷшанбе, 212-умин рӯзи соли 2020 аст
30 июли соли 2011 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 280 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботро бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбию махсус сарфароз гардониданд.
***
7 сол пеш, 30 июли соли 2013 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони рӯҳӣ барои калонсолон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон» таъсис дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Россия баррасӣ шуд.
30 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии дӯстӣ.
***
Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо хариду фурӯши одамон.
***
Дар Вануату – Рӯзи Истиқлолият.
РӮЙДОДҲО:
30 июли соли 2009 баъди анҷоми мулоқоту гуфтушунидҳои президентҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон баёнияи муштарак оид ба ҳамкории сеҷониба ба имзо расид.
***
30 июли соли 2012 «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» тасдиқ карда шуд.
***
7 сол пеш, 30 июли соли 2013 масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Америка, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои мудофиа ва амнияти минтақавӣ баррасӣ шуд.
***
30 июли соли 2015 дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ Маҷмааи бошукӯҳи варзишӣ ба истифода дода шуд.
***
110 сол муқаддам, 30 июли соли 1900 дар Британия меҳнати кӯдакон манъ карда шуд.
***
30 июли соли 1921 Ҳизби коммунистии Африқои Ҷанубӣ таъсис дода шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2007 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор гардид.