ТАВАҶҶУҲ! Барои баргардонидани шаҳрвандон 13 парвози чартерии изофӣ аз Россия ба Тоҷикистон ҳамоҳанг шуда истодааст
ДУШАНБЕ, 04.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо дарназардошти теъдоди ниҳоят зиёди муроҷиати шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати бозгашт ба Ватан, бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавируси нави COVID-2019, 13 парвози чартерии изофӣ дар моҳи июли 2020 аз Россия ба Тоҷикистон, ки ҳоло бо ҷониби Россия ҳамоҳанг шуда истодааст, ба нақша гирифта шудаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бано ба маълумоти Вазорат, дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Москва ва консулгариҳои генералии кишвар дар Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа аз 19 июни соли 2020 комиссияҳои махсус таъсис дода шуда, баруйхатгирии шаҳрвандон барои бозгашт ба Тоҷикистон сурат мегирад.
Бояд хотиррасон кард, ки дар раванди танзими парвозҳои мазкур авлавият ба табақаҳои осебпазир, пеш аз ҳама беморон, занону кӯдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки ба сафари хидматӣ ба Россия рафта буданд, дода мешавад.
Бо дарназардошти он ки теъдоди муроҷиатҳои бақайдгирифташуда дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Новосибирск ва Екатеринбург аз зарфияти 21 парвози банақшагирифташуда дар моҳи июл чанд маротиба бештар аст, муваққатан баруйхатгирии шаҳрвандон ба таври мустақим дар биноҳои Сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Русия қатъ шуда, қабули аризаҳо тариқи почтаи электронии charter-russia@mfa.tj идома дорад.
Парвозҳои чартерии изофии зерин баъди дастрас намудани ризояти мақомоти марбутаи Русия анҷом дода хоҳанд шуд:
3 июли 2020 (баргашт субҳи 4 июл) бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати «Тоҷик Эйр»;
4 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Масква – Хуҷанд, ширкати «Сомон Эйр»;
7 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати «Сомон Эйр»;
9 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати «Тоҷик Эйр»;
11 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати «Сомон Эйр»;
16 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Екатеринбург – Душанбе, ширкати «Тоҷик Эйр»;
18 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Новосибирск – Душанбе, ширкати «Сомон Эйр»;
20 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати «Тоҷик Эйр»;
22 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Санкт-Петербург – Душанбе, ширкати «Сомон Эйр»;
24 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати «Сомон Эйр»;
26 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Краснодар – Душанбе, ширкати «Тоҷик Эйр»;
28 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати «Тоҷик Эйр»;
30 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати «Сомон Эйр»;








Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд






