ТАВАҶҶУҲ! Парвози чартерӣ дар масири Душанбе-Сеул-Душанбе ба нақша гирифта шудааст

Июль 13, 2020 16:44

ДУШАНБЕ, 13.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба Ватан баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон 21 июли соли равон  парвози чартерии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар масири Душанбе-Сеул-Душанбе ба нақша гирифта шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истнод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

«Шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирӣ метавонанд ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея муроҷиат намуда, барои хонапурӣ кардани саволнома аз пайванди  зерин истифода намоянд: https://forms.gle/VL8NTWKMPwEX7xGs6 »,- таъкид намуданд дар Вазорат.

Бояд зикр кард, ки ҳамватанон ва шаҳрвандони хориҷие, ки қабл аз баста шудани марзҳо раводиди Ҷумҳурии Кореяро дастрас кардаанд, имкони парвоз ба Сеулро доранд.

Мушаххасоти Сафорати кишвар дар Сеул:

Тел: +82 027922535

Тел: +82 1059399339

Тел:  +82 1059379861

E-mail: tjkoreaemb@mfa.tj

Июль 13, 2020 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд