ТАВАҶҶУҲ! Парвози чартерӣ дар масири Душанбе-Сеул-Душанбе ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 13.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба Ватан баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон 21 июли соли равон парвози чартерии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар масири Душанбе-Сеул-Душанбе ба нақша гирифта шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истнод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
«Шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирӣ метавонанд ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея муроҷиат намуда, барои хонапурӣ кардани саволнома аз пайванди зерин истифода намоянд: https://forms.gle/VL8NTWKMPwEX7xGs6 »,- таъкид намуданд дар Вазорат.
Бояд зикр кард, ки ҳамватанон ва шаҳрвандони хориҷие, ки қабл аз баста шудани марзҳо раводиди Ҷумҳурии Кореяро дастрас кардаанд, имкони парвоз ба Сеулро доранд.
Мушаххасоти Сафорати кишвар дар Сеул:
Тел: +82 027922535
Тел: +82 1059399339
Тел: +82 1059379861
E-mail: tjkoreaemb@mfa.tj








Дар Душанбе бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ оғоз шуд
Фаррух Шарифзода дар Форуми дипломатии Анталия иштирок намуд
Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси иҷлосияи 60-уми Комиссияи СММ оид ба аҳолӣ ва рушд интихоб шуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Миср мулоқот намуд
Дар Москва вохӯрии нуҳуми вазирони корҳои хориҷӣ дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» баргузор гардид
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шурои Вазири корҳои хориҷии ИДМ иштирок намуд
Дар Миср маҷаллаи «Тоҷикистон ва пиряхҳо» ба забони арабӣ ва англисӣ ба нашр расид
Азамшо Шарифӣ: «Дипломатияи «сабз» дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосса дорад»
Дар Женева таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқу озодиҳои муосири инсон» ҳамоиш доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Сеул нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд доир шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд






