«Тоҷикфилм»: Нахустнамоиши филми «Бачаи обӣ» 16 октябр ба нақша гирифта шудааст

Июль 23, 2020 15:40

ДУШАНБЕ, 23.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Филми ҳунарии «Бачаи обӣ» дар ҷараёни банду басти садо ва мусиқӣ қарор дошта, нахустнамоиши он 16 октябр бахшида ба 90-солагии «Тоҷикфилм» баргузор мегардадҲамзамон дар шашмоҳаи  дуюми соли равон наворбардории филми ҳунарии «Моҷарои зиндагӣ» аз  рӯи асари Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзоев ба нақша гирифта шудааст. Ин матлабро директори МД «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён 23 июл зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иброз намуд. 

Мавсуф афзуд, ки дар ин давра 10 филми мустанад дар мавзӯъҳои гуногун рӯйи навор омада, таҳияи филми мазҳакавии «Автобус» пурра ба анҷом расид.  Филми мустанади «Хиёнат» дар се қисм  бо давомнокии 210 дақиқа (коргардон Рустам Сатторзода) рӯйи кор омад, ки бо далелу арқоми қатъӣ   дар бораи хоинии  душманони миллат ҳикоят мекунад.

Филм тариқи тамоми шабакаҳои телевизионӣ ва интернетӣ намоиш дода шуда, миёни ҷомеа ҳамовозию ҷонибдорӣ пайдо намуд. Дар баробари ин аввалҳои соли равон нахустнамоиши филми ҳунарии «Роҳ» (коргардон Носир Саидов) дар толори «Кохи Наврӯз» бо иштироки доираи васеи алоқамандони синамои ватанӣ бомуваффақият доир карда шуд.

Ҳамзамон аз ҷониби Раёсати муассиса дар вилояти Суғд таҳияи филми ҳунарии кӯтоҳи «Чорроҳа» пурра ба анҷом расида, наворбардории филми бадеии кӯтоҳи «Моҳича» оғоз карда шуд.

Муассиса бо мақсади  баланд бардоштани савияи дониши кӯдакони синни томактабӣ таҳияи 20 қисми филми аниматсионии «Алифбо»-ро   ба анҷом расонид.

Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар шашмоҳаи аввали соли 2020 се филми ҳунарии пурра, се филми бадеии кӯтоҳ, 10 филми мустанад ва як филми тасвирӣ омода намуд. Муассиса ҳамзамон дар шашмоҳаи дуюми имсол таҳия ва наворбардории ду филми ҳунарии пурра ва се филми мустанадро ба нақша гирифтааст.

 

ДАР АКСИ БОЛО: Убайдулло Амон, ҳунарманди маъруфи Ӯзбекистон, ки дар филми «Бачаи обӣ» нақши асосӣ — образи бобои Баракатро иҷро кардааст. АКС аз саҳифаи  филми «Бачаи обӣ» дар шабакаи Facebook.

Июль 23, 2020 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид