Тоҷикистон дар робита ба ташаннуҷи вазъ дар сарҳади Озарбойҷон ва Арманистон изҳори нигаронии шадид менамояд

Июль 16, 2020 18:00

ДУШАНБЕ, 16.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ташаннуҷи вазъ ва ҳодисаи мусаллаҳона дар сарҳади Озарбойҷон ва Арманистон, ки муҷиби ба ҳалокат расидани одамон гардид, изҳори нигаронии шадид менамояд. Дар ин хусус дар изҳороти имрӯзаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар робита ба ин, ВКХ ҶТ ҷонибҳоро даъват менамояд, ки бо мақсади пешгирии ташаннуҷи минбаъдаи вазъияти мураккаб таҳаммулпазирии ҳадди ниҳоиро зоҳир карда, роҳи оташбасро пеш гиранд.

«Умедворем, ки Озарбойҷон ва Арманистон, ки Тоҷикистон бо онҳо муносибатҳои анъанавии дӯстона доранд, ба истифодаи роҳҳои сиёсӣ ва дипломатии ҳалли масъалаҳои падидомада ҳарчи зудтар бармегарданд», — омадааст дар изҳороти ВКХ Тоҷикистон.

Ҳамчунин ВКХ ҶТ ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон изҳори таслияти амиқ намуд.

Июль 16, 2020 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд