«Тоҷикматлубот»: дар Душанбе сохтмони сардхона бо ғунҷоиши 1000 тонна ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 21.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Айни замон ҷиҳати захира намудани маҳсулоти хӯрокворӣ барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 дар шаҳри Душанбе 4 адад анбори нигоҳдории молу маҳсулот дар масоҳати 3120 м2 бо ғунҷоиши 2000 тонна навсозӣ карда шуда, барои захираи маҳсулот омода мебошанд. Ҳамчунин сохтмони боз як адад сардхона дар шаҳри Душанбе бо ғунҷоиши 1000 тонна ба нақша гирифта шудааст. Бо мақсади пешгирӣ аз болоравии нархи маводи озуқа дар бозори истеъмолӣ ва таъмини аҳолии пойтахт бо маҳсулоти тару тоза дар давраи пандемия аз ҷониби Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ мунтазам гузаронида мешаванд.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотии Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ба рӯзноманигорон хабар дода шуд.
Дар нишаст Раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Ҳусайн Идиев гуфт, ки бинобар таъсири манфии пандемияи Ковид-19 ба тамоми соҳаҳои мамлакат, аз ҷумла ба фаъолияти Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» даромади умумии он дар шашмоҳаи аввали имсол ба 44,7 млн сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3 миллион кам мебошад.
Дар нишаст зикр шуд, ки ҷиҳати иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тайёрӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 дар Раёсати мазкур ситод таъсис ёфта, корхонаҳои коркарди маҳсулот, фурӯшгоҳҳо, муассисаҳои хӯроки умумӣ ва анбори соҳа таъмиру тармим ва ба маъракаи дарпешистода омода карда мешаванд. Инчунин барои фаъолияти доимӣ дар фасли сармо таҷҳизот, зарфу қуттиҳо ва дигар асбобу анҷом омода ва муҳайё карда шуда, то 1 сентябри соли равон пойгоҳи моддию техникӣ ва имкониятҳои иқтисодию молиявии соҳа муайян карда мешаванд.
Масъулин иттилоъ доданд, ки айни замон дар соҳаи кооператсияи матлубот 3 адад сардхона фаъолият доранд. Аз ҷумла, дар шаҳри Исфара бо ғунҷоиши 350 тонна, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ғунҷоиши 250 тонна ва дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ғунҷоиши 1500 тонна.
Дар нишаст зикр гардид, ки дар шашмоҳаи якуми соли равон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои соҳа дар сохтмону навсозии иншооти таъйиноти гуногун 6,6 млн. сомонӣ сарф гардид.
Бояд тазаккур дод, ки Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ё кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ ба пешравию мустаҳкамшавии иқтисодиёти мамлакат заминаи мусоид мегузорад. Инчунин ниҳоди мазкур дар сохтори худ шабакаҳои васеи савдо, хӯроки умумӣ, маҳсулоттайёркунӣ, харид ва захира кардани маҳсулот, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, занбӯри асалпарварӣ, хоҷагиҳои ёрирасонро доро мебошад. Дар навбати худ ташкилоти соҳа тавассути савдои деҳот сокинони шаҳру ноҳияҳо ва минтақаҳои ҷумҳуриро бо молу маводи мавриди ниёзи аввал таъмин менамоянд.








Дар Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ карда шудааст
ҶДММ «Ганҷи Панҷ» дар як сол имкони қабул ва коркарди то 20 ҳазор тонна пахтаро дорад
Ҳавопаймои нави «Boeing 737-8 MAX»-и «Сомон Эйр» дар Душанбе муаррифӣ гардид
Дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 3 мегаватт бунёд карда мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб дар 204,7 гектар ҷангалзори нав бунёд гардид
Дараи Камароб дорои захираҳои нодири агробиологӣ ва имконияти васеи рушди кишоварзии кӯҳистон аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар шаҳри Конибодом кишти такрорӣ идома дорад
Ҷалби сармоя ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон бо намояндагони ширкати «Рокс Групп»-и Ветнам баррасӣ гардид
Оғози хизматрасонии байналмилалии пардохтии Apple Pay дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ ва истеҳсоли неруи барқ бунёд карда мешавад
Дар минтақаҳои ҳавзаи дарёҳои Қаратоғ ва Зарафшон қариб 95 фоизи захираи барфи мавсимӣ об шудааст
Дар доираи татбиқи 6 созишномаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода мешавад






