Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо сафирони Чин, Ҳиндустон, Украина ва Арабистони Саудӣ мулоқот намуд

Июль 16, 2020 08:16

ДУШАНБЕ, 16.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 15 июли соли равон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафирони Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳиндустон, Украина ва Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқоти бо Сафири  Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лю Бин Сироҷиддин Муҳриддин дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин ва иқдомҳои муштараки ду кишвар дар самти пешгирии ҳамагирии COVID-2019-ро баррасӣ намуд.

Дар рафти суҳбат бо Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вираҷ Синх  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вазъ ва дурнамои тавсеаи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон, инчунин иқдомҳои муштараки ду мамлакатро дар самти мубориза бо ҳамагирии COVID-19 муҳокима намуданд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Василий Серватюк дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Украина ва иқдомҳои муштараки ду мамлакатро дар самти пешгирии шуюи COVID-19 баррасӣ шуданд.

Инчунин, 15 июл Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз Муҳаммад ал-Бодиро ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти мулоқот тарафҳо пиромуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ, инчунин ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ табодули афкор намуда, ба зарурати тавсеаи бештари ҳамкориҳои дуҷониба, ки бо руҳи муносибатҳои мардумони ду кишвар созгор аст, таъкид карданд.

 

АКСҲО аз ВКХ ҶТ

Июль 16, 2020 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд